Skip to main content

CARITAS Weather-Water-Climate Services in Tajikistan: resilience - Tajik

Page 1

Хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво, об, ва иқлим дар Тоҷикистон Гузоштани қадамҳои охирин барои пурзӯр намудани муқовиматпазирӣ ва некӯаҳволӣ Тавзеҳи мухтасари сиёсати соҳавӣ TJ21-01 Моҳи марти соли 2021


Шарҳи мухтасар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ пешгӯиҳои умумии обу ҳаворо барои ҳар чаҳор минтақаи кишвар пешниҳод мекунад. Набудани мушаххасот ба қабул кардани қарорҳои муассир барои деҳқонони маҳаллӣ монеа эҷод намуда, самарабах шии идоракунии хавфи офатҳои табииро дар ҷомеаҳои деҳот маҳдуд мекунад. Дар натиҷа, дар Тоҷикистон набудани амнияти озуқаворӣ ва осебпазирӣ ба хатарҳои табиӣ, ба монанди ярч (лағжиши замин), обхезӣ, тармафароӣ ва сел боқӣ мемонад. Зичии пасти истгоҳҳои обуҳавошиносӣ дар муҳити табиӣ, ки бо минтақаи кӯҳии ноҳамвор ва гуногунии микроиқлим тавсиф карда мешавад, монеаи асосӣ барои беҳтар кардани дақиқӣ ва эътимоднокии пешгӯиҳои обу ҳавои маҳаллӣ мебошад. Афзоиши зичии истгоҳҳо, бо вуҷуди ин, барои Агентии обуҳавошиносӣ бо дарназардошти захираҳои маҳдуди молиявӣ ва инсонии он дастнорас аст. Бо фароҳам сохтани дастрасӣ ба истгоҳҳои баландсифати худкори (автоматии) обуҳавошиносӣ, созмонҳои бисёрҷониба ва байналмилалӣ Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистонро дар беҳтар намудани инфрасохтори мушоҳидавӣ ва такмили ихтисоси вобаста ба онро дастгирӣ карданд, вале мутаассифона, буҷети давлатӣ барои таъмир ва хизматрасонии техникии рӯзмарраи инфрасохтори муҳим ҳамоно маҳдуд аст. Дар ин замина, зарурати фаврӣ ҷиҳати дастгирии таҳияи бизнес-модели мувофиқ ба контекст ва функсионалӣ вуҷуд дорад, ки хароҷоти ҷамъоварӣ

ва коркарди минбаъдаи маълумоти обу ҳаворо барои пешниҳоди пешгӯиҳои боэътимоди обу ҳавои маҳаллӣ якҷо бо маҷмӯи хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво-об-иқлим ҷиҳати қонеъ сохтани талаботҳои корбарро фаро мегирад. Дар ин тавзеҳи мухтасари сиёсати соҳавӣ рӯйкарди (подход) амалие пешниҳод карда мешавад, ки дар он шаҳрвандони оддӣ бо дастгирии ниҳодҳои хусусӣ ҳамчун нигаҳбонони шабакаи афзояндаи истгоҳҳои обуҳавошиносии арзон амал мекунанд ва ҳамин тавр барои ба даст овардани маълумоти муҳими обуҳавошиносии камхарҷ мусоидат менамоянд. Гузаштан аз пешниҳоди пешгӯиҳои обу ҳавои маҳаллӣ ба пешниҳоди хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво, об ваиқлими аз ҷониби корбарон талабшаванда ва пулакӣ ба барқарорсозӣ ва маблағгузории навовариҳои давомдор, ба таври васеъ ҷорӣ намудани системаҳои идоракунии истифодаи устувори замин ва об, инчунин системаҳои огоҳсозии бармаҳал дар бораи офатҳои табиии таҳдидкунанда дар ҷомеаҳои маҳаллӣ имконият фароҳам меорад. Ин занҷираи арзиши давравии ба даст овардани маълумот барои қонеъ сохтани талабот ба хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво, об ваиқлим ва густариши таъмини онҳо, Тоҷикистонро ба кишваре табдил хоҳад дод, ки дар он шаҳрвандон ба самарабахшии системаи обуҳавошиносии миллӣ ба таври назаррас саҳм мегузоранд ва мустақиман аз талошҳои онҳо тавассути тақвияти муқовиматпазирӣ ба тағйирёбии иқлим ва беҳтар шудани сатҳи некӯаҳволӣ манфиат ба даст меоранд.

« Тарҳи истгоҳҳои обуҳавосанҷии озодманбаъ имкон медиҳад, ки интиқоли маълумот бо талаботҳои Агентии обуҳавошиносӣ ҳамоҳанг карда шавад ва ин хусусияте мебошад, ки аксарияти истгоҳҳои обуҳавошиносии тиҷоратӣ пешниҳод намекунанд. »


« Омезиши таҷрибаҳои устувори идоракунии замин ва об бо харитасозии замони воқеъии хатар барои муайян кардани минтақаҳои қарордошта дар маърази хавфи тармафароӣ, ярч ва обхезӣ, инчунин бо тадбирҳои муассири омодагӣ метавонад сатҳи осебпазириро ба офатҳои табиӣ ба таври назаррас коҳиш диҳад. »

Муқаддима Нақшаҳои кишти зироатҳои ҳатмии миллӣ, ки асосан ба кишти пахта, картошка ва гандум равона карда шудаанд, ба амнияти озуқавории хонаводаҳо таъсир мерасонанд, зеро онҳо доираи маҳсулоти озуқавории дар кишвар истеҳсолшавандаро маҳдуд мекунанд. Ғайр аз ин, онҳо тавассути таҷрибаҳои ноустувори идоракунии истифодаи замин ва об, ки суръат ва андозаи эрозияи хокро зиёд мекунанд, сатҳи гирифторӣ ба хавфҳои офатҳои табииро афзоиш медиҳанд. Тарзи бештар самарабахши мутобиқшавии зироатҳо ва киштгардони зироатҳо дар системаи таҷрибаҳои устувори идоракунии истифодаи замин ва об метавонанд солимии замин ва ҳосилнокии хокро ба таври назаррас беҳтар намуда, ҳамин тавр эрозияро маҳдуд кунанд. Ғайр аз ин, онҳо ба васеъ кардани доираи маҳсулоти истеҳсолшаванда имкон медиҳанд, дар ҳоле ки онҳо ҳанӯз ҳам ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои оқилонаи миллӣ оид ба зироатҳои стратегӣ мусоидат мекунанд. Омезиши таҷрибаҳои устувори идоракунии замин ва об бо харитасозии замони воқеъии хатар барои муайян кардани минтақаҳои қарордошта дар маърази хавфи тармафароӣ, ярч ва обхезӣ, инчунин бо тадбирҳои муассири омодагӣ метавонад сатҳи осебпазириро ба офатҳои табиӣ ба таври назаррас коҳиш диҳад. Ба даст овардани ин натиҷаҳои ниҳоӣ дар шароити тағйирёбии давомдори иқлим рушди хизматрасониҳои самарабахш дар самти обу ҳаво-об-иқлимро тақозо мекунад, ки ба шабакаи зичи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар ҷомеаҳои маҳаллӣ асос ёфтааст. Ба ин хизматрасониҳо пешниҳоди маълумот ва иттилоот барои қабул кардани қарор дар мавриди масъалаҳо ба монанди вақти оптималии омодасозии замин, кишти тухмӣ, вақт ва миқдори обёрӣ, инчунин вақти мувофиқи ҷамъоварии ҳосил ҷиҳати роҳ надодан ба талафот ҳангоми ҷамъоварии ҳосил ва ҳам пас аз ҷамъоварии ҳосил дохил мешаванд. Бештари ин хизматрасониҳои муҳим дар

ҷомеаҳои деҳот, ки он ҷо камбизоатӣ васеъ паҳн шудааст, ё вуҷуд надоранд ва ё ба осонӣ дастрас нестанд. Дар соли 2019, миссияи махсуси Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) бо дастгирии Каритас Швейтсария ва Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилиҳои захираҳои маҳдуди молиявӣ, инсонӣ ва техникиро тасдиқ намуда, холигоҳҳоро дар иқтидори Агентии обуҳавошиносӣ ҷиҳати ба таври самарабахш пешниҳод намудани хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво, об ва иқлим ҳуҷҷатгузорӣ намуд. Холигоҳҳои мазкур набудани истгоҳҳои обуҳавошиносии мувофиқ ва зичии нокифояи истгоҳҳоро барои топографияи мураккаби Тоҷикистон дар бар мегиранд. Протоколҳо ва таҷҳизот барои коркарди автоматикунонидашудаи маълумот ва иттилоот ҳамчунин маҳдуд мебошанд ва захираҳои инсонӣ ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи самарабахшии пешгӯӣ ва огоҳсозии бармаҳал нокофӣ ҳисобида мешаванд. Назарсанҷии соли 2020, ки аз ҷониби Каритас Швейтсария дар ноҳияҳои Муъминобод (614 посухдиҳанда) ва Лахш (619 посухдиҳанда) гузаронида шудааст, таъсири ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво, ба монанди боронҳои шадид, сардӣ, хушксолӣ ва ҳароратҳои баландро ба некӯаҳволии ҷомеаҳои маҳаллӣ зикр намудааст. 82 фоизи посухдиҳандагон дар натиҷаи ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво дар тӯли панҷ соли охир бештар аз 10 фоизи зироатро аз даст додаанд. 75 фоизи посухдиҳандагон бо он розӣ шудаанд, ки пешгӯиҳои бештар саривақтӣ ва дақиқи обу ҳаво якҷо бо тавсияҳои дахлдор ҷиҳати амал барои кам кардани ин талафот мусоидат хоҳанд кард. Таъсири ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво ба некӯаҳволии хонаводаҳо ва сифати зиндагӣ ҳамчунин аён аст: 53 фоизи посухдиҳандагон гуфтаанд, ки коҳиш ёфтани ҳосил ва даромадҳои камтар хонаводаи онҳоро маҷбур намуданд, то ниёзҳои худро ба маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳисоби истеъмоли тухмиҳое қонеъ созанд, ки барои кишти оянда захира карда шуда буданд.


Истгоҳҳои обуҳавошиносии камхарҷ - асос барои хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво, об ва иқлим Агентии обуҳавошиносӣаз дастгирии доимии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки парадигмаи анъанавии насби истгоҳҳои обуҳавошиносии баландсифатро дар чанд макони интихобшуда ба таври назаррас риоя намудааст, истиқбол кард. Бо вуҷуди ин, барои Агентии обуҳавошиносӣ истифода ва нигоҳдории ин таҷҳизот аксари вақтҳо ба сарбории молиявӣ табдил ёфтааст. Бар асоси ин таҷриба, мо пешниҳод менамоем, ки шумораи зиёди истгоҳҳои обуҳавошиносии камхарҷ ва озодманбаъ таъмин карда шаванд, ки аз ҷониби деҳқонон ва муассисаҳои маҳаллӣ бо дастгирии техникии ширкатҳои хусусии телекоммуникатсионӣ нигоҳ дошта мешаванд. Нигаҳбонони истгоҳҳо маълумотро аз ин истгоҳҳо мутобиқи протоколҳо ва сиёсатҳои стандартӣ, ки аз ҷониби Агентии обуҳавошиносӣ муқаррар карда шудаанд, ҷамъоварӣ, интиқол ва захира мекунанд. Прототипҳои истгоҳҳои хурд ва камхарҷи аз нигоҳи контекст мувофиқ, ки ҳар кадомашон тақрибан 150 доллари ИМА арзиш дорад, ҳоло дар Тоҷикистон ва Швейтсария барои устуворӣ дар шароити гуногуни иқлимӣ ва дақиқӣ дар муқоиса бо истгоҳҳои автоматикунонидашудаи Идораи обуҳавошиносии Швейтсария (MeteoSwiss) бомуваффақият санҷида шудаанд. Компонентҳои дохилии ин истгоҳҳо, махсусан он компонентҳое, ки ивазкунии доимиро талаб мекунанд, ба монанди батареяҳо, маъмулан дар бозорҳои маҳаллии Тоҷикистон дастрас мебошанд. Тарҳи (дизайни) истгоҳҳои обуҳавосанҷии озодманбаъ имкон медиҳад, ки интиқоли маълумот бо талаботҳои Агентии обуҳавошиносӣ ҳамоҳанг карда шавад ва ин хусусияте мебошад, ки аксарияти истгоҳҳои обуҳавошиносии тиҷоратӣ пешниҳод намекунанд. Агентии обуҳавошиносӣ афзалият медиҳад, ки дастрасӣ ба маълумот ва паҳн кардани он ба таври алоҳида ё тавассути пардохтҳо ё созишномаи расмӣ ба таври ҷиддӣ назорат карда шавад ва ин хусусият ҷанбаи асосӣ барои қабули истгоҳҳо мебошад. Пешниҳоди мо ин аст, ки шабакаи зичи истгоҳҳои камхарҷ дар Тоҷикистон насб карда шаванд, ки ба агентии миллии обуҳавошиносӣ тааллуқ доранд, вале аз ҷониби шаҳрвандон (бештар аз ҷониби деҳқонон) идора карда

мешаванд ва онҳо барои нақши худ ҳамчун нигаҳбон ва посбони ин истгоҳҳо пардохт карда мешаванд. Маълумотҳое, ки аз ин истгоҳҳо ба даст оварда мешаванд, бояд аз ҷониби Агентии обуҳавошиносӣ ҷиҳати таҳияи пешгӯиҳои бештар боэътимоди маҳаллӣ ва дастгирии маҷмӯи хидматрасониҳои муҳим ва дастрас дар соҳаи обу ҳаво-об-иқлим коркард карда шаванд, ки ба талаботҳои корбарон ҷавобгӯ мебошанд. Ин тартиб/қарордод моҳиятан Агентии обуҳавошиносиро аз сарбории маъмурӣ ва молиявӣ барои нигоҳ доштани посбонон ҷиҳати таъмини бехатарии дороиҳои физикӣ дар ҷомеаҳои дурдаст озод мекунад. Ҳарчанд бизнес-модели асосӣ таҳия ва исботи ояндаи консепсияро талаб мекунад, таҳлилҳои барвақт нишон медиҳанд, ки пардохти маблағ ба деҳқонони нигаҳбон, инчунин таъмир ва хизматрасонии техникии рӯзмарра аз ҳисоби даромадҳое рӯпӯш карда мешаванд, ки аз хизматрасониҳои пулакӣ дар самти обу ҳаво, об ва иқлим ба даст оварда мешаванд ва тавассути барномаҳо барои смартфонҳо ё паёмак ва ҳамчунин тавассути дастгирии пулакии дастраси техникӣ аз ҷониби мушовирони соҳаи ҳамкории бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ дар ноҳияҳо ва ҷомеаҳои маҳаллӣ пешниҳод карда мешаванд. Ба ғайр аз худи истгоҳҳо, шабакаи зичтари мушоҳидаҳои обу ҳаво ҷалби шаҳрвандонро дар бар мегирад, ки боришот, ҳарорат ва намии хок, сатҳҳои об ва пӯшиши барфро мушоҳида мекунанд. Ин рӯйкарди “дониш ва илми шаҳрвандон” ба ҷамъоварӣ, истифода ва тафсири маълумот дар саросари ҷаҳон эътирофи рӯзафзун пайдо мекунад. Мо аз мисолҳо дар Аврупо1 ва Амрикои Шимолӣ2 илҳом мегирем, ки онҷо шаҳрвандон дар ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маълумотҳои вобаста ба барф ва обу ҳаво майлу рағбат нишон доданд, ки акнун аз ҷониби идораҳои обуҳавошиносии миллӣ, ширкатҳои суғурта, деҳқонони инфиродӣ ва тиҷоратӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён ба таври самарабахш истифода мешаванд. Дар консепсияи мо оид ба ҷараёнҳои гардони иттилоотӣ, шаҳрванди мушоҳидакунанда ба хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво, об ва иқлим саҳм гузошта, ҳамзамон аз онҳо манфиат ба даст меорад.

« Ба ғайр аз худи истгоҳҳо, шабакаи зичтари мушоҳидаҳои обу ҳаво ҷалби шаҳрвандонро дар бар мегирад, ки боришот, ҳарорат ва намии хок, сатҳҳои об ва пӯшиши барфро мушоҳида мекунанд. »


Фаҳмиши хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво, об ва иқлим Истилоҳи “хизматрасонӣ” метавонад барои одамони гуногун маънои мухталиф дошта бошад. Ҳамчун соддасозӣ, мо хизматрасониро ҳамчун раванде меномем, ки тавассути он арзиш ба корбар расонида мешавад. Ин, масалан, метавонад дар шакли иттилоот барои дастгирии иқдоми самарабахш, маслиҳат ё тавсия, тавассути таъмини мол (масалан, об барои обёрӣ) ё ҳамчун воситаи ибтидоӣ ба раванд – мониторинги бориши барф ҷиҳати коҳиш додани осебпазирӣ ба хавфи офатҳои табиӣ тавассути системаҳои муассири огоҳкунии бармаҳал пешниҳод карда шавад. Хизматрасониҳои самарабахш дар самти обу ҳаво, об ва иқлим ба ҷомеаҳои маҳаллӣ ва деҳқонон имкон медиҳанд, ки арзиши худро бидуни ташвиш дар бораи технология ё илмҳои заминавӣ дарк кунанд. Хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво, об ва иқлим, вақте ки мутобиқи контекст ва ба таври муштарак дар байни таҳиягарон ва корбарони ниҳоӣ таҳия карда мешаванд, метавонанд сатҳи муқовиматпазириро ба тағйирёбии обу ҳаво ва иқлим афзоиш диҳанд ва дар айни замон ба корбарон имкон диҳанд, ки аз таҷрибаҳои алтернативии ҷавобгӯ ба шароити нави мусоид ё номусоид истифода баранд. Ин ҳатман имкониятҳо ва иқтидори техникӣ ва коммуникатсияҳои муассирро дар тамоми доираи ҷонибҳои манфиатдор – таҳиягарон, корбарони ниҳоӣ ва сиёсатмадорон талаб мекунад, ки метавонанд барои навоварии устувор муҳити дастгирикунанда ва мусоидро фароҳам оваранд. Хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво, об ва иқлим барои хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва ҷомеаҳо аз мавридҳои зерин иборат мебошанд: маслиҳатҳо ва тавсияҳои техникӣ оид ба вақти бештар мувофиқ барои кишт ва ҷамъоварии зироатҳо (бар асоси намӣ ва ҳарорати хок), кай ва чӣ қадар обёрӣ кардан (бар асоси марҳилаи афзоиши зироатҳо) ва чӣ гуна вокуниш нишон додан ба пешгӯии сармо ё ҳароратҳои шадид (экстремалӣ) барои кам кардани талафот ва ба ҳадди аксар расонидани ҳосилнокӣ. Хизматрасониҳо барои муассисаҳои давлатӣ ва деҳқонон ё ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об метавонанд машваратҳои илмӣ ва асосёфта ба далел дар бораи таъмин ва истифодаи самарабахши оби обёришавандаро дар бар гиранд, протоколҳои пешгӯии хавфҳои офатҳои табииро муқаррар кунанд ва интихоби омехтаҳои зироатҳои бештар серғизоро муайян намоянд, ки мумкин аст зарурати васеъ кардани майдонҳои замин барои истеҳсоли зироатҳои стратегии миллиро коҳиш диҳанд. Ғайр аз ин, хизматрасониҳои самарабахш дар самти обу ҳаво, об ва иқлим ба сиёсатмадорон илми эътирофшуда дар бораи иқлимро пешниҳод мекунанд, ки барои арзёбӣ ва таҳияи стратегияҳои соҳавӣ ва дар сурати зарурат ислоҳоти сиёсатҳои соҳавӣ ва муқарраро-

ти вуҷуддоштаро ҷиҳати тақвияти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим зарур мебошанд. Ҳамгиросозии илм дар бораи иқлим ба равандҳои миллӣ, зермиллӣ ва ноҳиявӣ ба банақшагирии рушд мусоидат мекунад. Маҷмӯи хизматрасониҳои пешниҳодшаванда ба тағйири афзалиятҳо ва талаботи корбарон дар партави тағйирёбии иқлим ва шароити иқтисодӣ мутобиқ карда мешавад. Мутобиқи арзёбии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ манфиатҳо аз навсозии хизматрасониҳои метеорологӣ ва гидрологии миллӣ дар бахшҳои огоҳсозӣ ва вокуниши бармаҳал, беҳтар кардани пешгӯиҳо барои ҳодисаҳои экстремалӣ ва беҳбуди пешниҳоди иттилоот ҷиҳати дастгирии ташдиди (интенсификатсия) устувори системаҳои истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ метавонанд аз арзиши сармоягузорӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз 2 то 14 маротиба зиёдтар бошанд3. Ба даст овардани ин боздеҳ (отдача) аз омодагӣ ва қобилияти пардохти хизматрасониҳо дар сатҳҳое вобаста аст, ки метавонанд дастгирии молиявии навоварии давомдорро барои васеъ намудани доираи хизматрасониҳо ва баланд бардоштани сатҳи самарабахшии пешниҳоди ин хизматрасониҳо таъмин намоянд. Назарсанҷии соли 2020, ки аз ҷониби Каритас Швейтсария гузаронида шудааст, нишон дод, ки 84 фоизи посухдиҳандагон омодаанд барои иттилооти бештар боэътимод ва дақиқ дар бораи обу ҳаво, ки ба маҳалҳои онҳо хос мебошад, пардохт кунанд. Ҳарчанд ин посух нишон намедиҳад, ки онҳо чӣ қадар пардохт кардан мехоҳанд, вале ниёз ва талабот ба пешгӯиҳои боэътимод возеҳ аст. Самарабахшии пешниҳоди ин пешгӯиҳо ва хидматрасониҳо тавассути воситаҳои электронӣ (SMS-паёмакҳо, барномаҳо барои смартфонҳо, системаҳои онлайн) сармоягузорӣ дар инфрасохтор ва таҷҳизот, инчунин дониш ва шиносоӣ бо системаҳои муосири коммуникатсионӣ дар ҷомеаҳои деҳотро талаб мекунад. 90 фоизи посухдиҳандагон изҳор доштанд, ки мехоҳанд тавассути SMS паёмакҳо-барнома пешгӯиҳо ва огоҳсозиҳои бештар боэътимод ва маҳаллӣ дар бораи шароити экстремалии обу ҳаворо ба даст оранд ва 70 фоизи посухдиҳандагон гузориш доданд, ки онҳо аз смартфон истифода намекунанд ва ҳанӯз ҳам телефонҳои аналогӣ доранд. Ин мушкилии возеҳ дар пешниҳод намудани хизматрасониҳои муҳим дар самти обу ҳаво, об ва иқлим ҳамчунин барои ширкатҳои телекоммуникатсионии миллӣ имконият фароҳам меоранд, ки дар пешниҳоди ин хизматрасониҳо тавассути густариши хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ва дастрасӣ тавассути истифодаи смартфонҳо ва платформаҳои васеътар ва дастрас кӯмак намоянд.

← 1- https://eu-citizen.science/project/118# 2- https://www.cocorahs.org/Content.aspx?page=aboutus

3- Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (2015). Valuing Weather and Climate: Economic Assessment of Meteorological and Hydrological Services. WMO-No. 1153. Available at: https://library.wmo.int/doc_num.php?explnum_id=3314


« Каритас Швейтсария консорсиуми шарикони боэътимоди швейтсариягӣ ва байналмилалиро барои дастгирии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи маҷмӯи хизматрасониҳои аз нигоҳи контекст мувофиқ, дастрас ва устувор дар самти обу ҳаво, об ва иқлимро ташкил намуд. »

Шарикони муҳим Зарурати кор бо тамоми доираи ҷонибҳои манфиатдори сатҳи миллӣ ва деҳот барои ташкили системаи миллии хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво, об ва иқлим ва пешниҳоди ин хизматрасониҳо дар саросари қадамҳои охир ба ҷомеаҳои деҳот консорсиуми махсуси шарикони миллӣ ва байналмилалиро талаб мекунад. Бо такя ба вокуниши Швейтсария ба мушкилиҳое, ки Тоҷикистон рӯ ба рӯ мешавад, Каритас Швейтсария консорсиуми шарикони боэътимоди швейтсариягӣ ва байналмилалиро барои дастгирии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ) ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи маҷмӯи хизматрасониҳои аз нигоҳи контекст мувофиқ, дастрас ва устувор дар самти обу ҳаво, об ва иқлим ташкил намуд. Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Хадамоти обуҳавошиносии Швейтсария (MeteoSwiss) ва Пажӯҳишгоҳи WSL оид ба барф ва тарма – воқеъ дар Швейтсария уҳдадор шудаанд, ки Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) ва Вазорати кишоварзиро дар таҳияи системаҳо ва рӯйкардҳои зарурӣ, тавре ки дар ин тавзеҳи мухтасари сиёсати соҳавӣ қайд карда шудааст, дастгирӣ намоянд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва муқовиматпазирӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҷомеаҳои маҳаллӣ талаб карда мешаванд. Дастгирии ояндаи техникӣ ва институтсионалӣ аз ҷониби Маркази аврупоии пешгӯиҳои миёнамуддати обу ҳаво, Маркази байналмилалӣ оид ба таҳқиқоти кишоварзӣ дар минтақаҳои хушк ва Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ пешниҳод карда мешавад. Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ шарикии расмии Каритас Швейтсария барои ба таври муштарак пешниҳод намудан ва истфода намудан аз хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво. об ва иқлим дар Тоҷикистон дар чорчӯби ваколати глобалии он «таъмини роҳбарӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ҳамкории байналмилалӣ дар пешниҳод ва истифода аз хизматрасониҳои баландсифат ва бонуфузи гидрологӣ, обу ҳаво, иқлим, ва вобаста ба муҳити зист аз ҷониби аъзои он барои беҳтар намудани некӯаҳволии тамоми миллатҳо мебошад4. Бо мурури замон, гуногунии бештар дар шарикиҳои ҳам байналмилалӣ ва ҳам миллӣ интизор меравад.

4- https://public.wmo.int/en/about-us/vision-and-mission


Тавсияҳо

1

Афзоиши зичии фарогирии истгоҳҳои обуҳавошиносӣ тавассути инфрасохтори арзон, вале ҳамзамон самарабахш, ки аз ҷониби шаҳрвандони донишвар дастгирӣ карда мешавад

Консорсиуми шарикони миллӣ ва байналмилалӣ пешниҳод мекунад, ки дар тӯли давраи солҳои 2021-2025 дар нӯҳ ноҳияи вилояти Хатлон ва водии Рашт 500 истгоҳи обуҳавошиносии камхарҷ/арзон насб карда шаванд. Интихоби макон ва фосилаи байни истгоҳҳо аз ҷониби ҳамаи шарикон ба таври муштарак иҷро карда мешавад, то таъмин карда шавад, ки ҳангоми интихоби макон баландӣ, гуногунии ландшафт, системаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ ва минтақаҳоеро, ки ба онҳо хавфҳои отфатҳои табиӣ таҳдид мекунанд, дар назар гирифта шаванд. Таҳлили шумораи истгоҳҳое, ки барои фарогирии пурраи миллӣ зарур мебошад, пас аз соли 2025, бар асоси фаҳмиши беҳтари талабот ба зичии дар марҳилаи аввал бадастомада гузаронида мешавад. Якҷо бо маълумоти автоматикунонидашуда, ки тавассути истгоҳҳои камхарҷ ҷамъоварӣ карда мешаванд, маҷмӯи маълумоти дастии пешниҳодшуда аз маконҳои саҳроӣ, ки аз ҷониби деҳқонон, мактабҳо ва идораҳои давлатӣ ҳифз карда мешаванд, фарогирии мушоҳидаҳои обу ҳаворо боз ҳам афзоиш медиҳанд. Боронсанҷҳои дастӣ, термометрҳои хок ва тензиометрҳои арзон метавонанд маълумоти иловагиро тавассути ширкатҳои телекоммуникатсионии миллӣ дар системаи самарабахши SMS-паёмакҳо пешниҳод кунанд, ки аз ҷониби Агентии обуҳавошиносӣ назорат карда мешавад.

2

Ба таври самарабахш ҷалб намудани ниҳодҳои тиҷоратӣ ва шаҳрвандони алоҳида дар бахши хусусӣ ба системаи инноватсионии миллӣ, ки сифат ва устувории хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво, об ва иқлимро густариш медиҳад

Тавассути ҳамкорӣ бо ширкатҳои телекоммуникатсионӣ, Каритас Швейтсария ва Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош доранд ба таври муштарак бизнес-модели функсионалиро таҳия намоянд, санҷанд ва роҳандозӣ намоянд, ки ба насби истгоҳҳо, таъмир ва хидматрасонии техникии рӯзмарра ва пардохт барои ҷойгиркунии истгоҳҳо дар майдонҳои деҳқо-

нон дахл дорад ва сохтори пардохти дастрас барои хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво, об ва иқлимро муқаррар мекунад. Интизор меравад, ки манфиатҳои иқтисодӣ – баланд бардоштани сатҳи маҳсулнокӣ ва даромадҳои кишоварзӣ, инчунин коҳиш додани талафот аз офатҳои табиӣ – барои ҳифз намудани (ва эҳтимолан густариш додани) система дар дурнамои дарозмуддат маблағҳо ба даст оранд. Иштироки шаҳрвандон дар нақшаи пешниҳодшудаи хидматрасониҳо дар соҳаи обу ҳаво-об-иқлим роҳи қавие барои ҷалби деҳқонон ва ҷомеаҳои мавриди хидматрасониҳо мебошад. Дар навбати худ, самарабахшии фаъолияти шаҳрвандони донишвари мазкур аз қобилияти консорсиум барои таъмини омӯзиши кофии онҳо ҷиҳати ноил шудан ба муваффақият вобаста аст. Консорсиум ҳамчунин бояд бо маъмуриятҳои ноҳияҳо ҷиҳати дастгирии таъмини самарабахш ва саривақтии об барои обёрӣ, системае, ки аз хидматрасониҳои муассир дар соҳаи обу ҳаво-об-иқлим манфиат ба даст меорад ва баланд бардоштани сатҳи самарабахшии истифодаи об ва маҳсулнокии об кор кунад. Саҳмгузорӣ дар нақшаҳои солона ва панҷсолаи рушди ноҳия, ки аз хидматрасониҳои аз нигоҳи контекст муносиби дар соҳаи обу ҳаво-об-иқлим баҳраманд мешаванд ва некӯаҳволии ҷомеаҳои деҳотро тақвият медиҳанд, ҳамчунин муҳим мебошад.

3

Ташкил ва баргузор намудани форуми солонаи миллӣ оид ба иқлим, ки барномаи хизматрасониҳои муассир дар самти обу ҳаво, об ва иқлимро бо дастрасии васеъ ва баробар муқаррар мекунад

Бар асоси таҷрибаи глобалии бомуваффақият ва бо дастгирии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, Каритас Швейтсария пешниҳод менамояд, ки бо Агентии обуҳавошиносӣ дар баргузор намудани нахустин форуми миллӣ оид ба иқлим барои Тоҷикистон дар аввали соли 2023 ҳамкорӣ кунад. Пас аз он, ин форум ҳар сол барои таъмини паҳнсозии муносиби иттилоот дар бораи обу ҳаво, об ва иқлим баргузор карда мешавад. Форуми мазкур ҳамчунин ташаббусҳо ва фаъолияти ҷонибҳои манфиатдори дахлдорро дар тамоми соҳаҳо ва идораҳо ҳамоҳанг менамояд. Дар ин тавзеҳи мухтасар диққати асосӣ ба он равона карда шудааст, ки чӣ гуна хизматрасониҳо дар соҳаи обу ҳаво-об-иқлим ба соҳаи кишоварзӣ манфиат меоранд, аммо ин хидматрасониҳо барои бисёр соҳаҳои дигар низ арзишманд мебошанд. Таъмини дастрасии васеъ ва баробар ба хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво, об ва иқлим ва ҳамоҳангсозии самарабахши соҳаҳо ва вазоратҳои ҳукуматӣ платформа ё макони махсусро талаб мекунад. Ба ҳамин монанд, рушди созмонҳои ҳавзаи дарёҳо ҳамоҳангсозӣ бо шарикони рушдро талаб мекунад, то таъмин карда шавад, ки хизматрасониҳо дар самти обу ҳаво, об ва иқлим бо стратегияҳои таҳияшуда ва натиҷаҳои ниҳоии бо шарикони миллӣ пешбинишуда мувофиқат мекунанд.


Муаллифон Шинан Н. Кассам, Директори кишварӣ – Каритас Швейтсария, Душанбе

Борис Орловский, Директори барнома – Каритас Швейтсария, Лютсерн

Афзалшо Насибов, Менеҷер бахши роби-

та, иттилоот ва ташвиқот – Каритас Швейтсария, Душанбе

Сафаралӣ Ятимов, Менеҷер оид ба дастгирии техникӣ – Каритас Швейтсария, Душанбе

Дастгирии молиявӣ барои ин нашрия пешниҳод шудааст аз ҷониби Далелҳои дар ин тавзеҳи мухтасар пешниҳодшуда ба муаллифон тааллуқ доранд ва метавонанд фикру андешаҳои расмии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Шоҳигарии Лихтенштейн ё Бунёди Леополд Бахманро инъикос кунанд ё инъикос накунанд.

Design and Layout by Zoï Environment Network / Carolyne Daniel 2021 All photo credits ® Caritas Switzerland


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
CARITAS Weather-Water-Climate Services in Tajikistan: resilience - Tajik by Zoï Environment Network - Issuu