Skip to main content

Disaster Risk Reduction in Tajikistan: Leveraging non-traditional financial sources - Tajik

Page 1

Коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон Истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии молиявӣ

Тавсифи мухтасари сиёсати соҳавӣ: TJ20-01 Марти соли 2020


« Барои ҷамъоварии маблағҳои дохидиву берунӣ КХОТ бояд ҳамчун раванди рушд пешниҳод карда шавад, то ин ки ин боиси ҳавасмангардонӣ барои навоварӣ ва кашфи системаҳои самарабахш оиди ҷиҳати коҳиши хатар ва идоракунии хатар гардад. » Тавсифи мухтасар Маълумоти омории пешниҳодшуда аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) нишон медиҳад, ки дар тӯли ду даҳсолаи охир 60% арзиши хисоратҳо дар Тоҷикистон аз ҷониби офатҳои табиӣ буда – тақрибан 350 млн. доллари ИМА – аз ҳисоби обхезиҳо ва селҳо мебошад. Ин рақамҳо талафотеро дар бар намегиранд, ки дар натиҷаи офтаҳои табиӣ ба даромади сокинони минтақаҳои деҳот зарар мерасонад. Бо дарназардошти он, ки дар Тоҷикистон бозори хусусии суғурта инкишоф наёфтааст ва муассисаҳои давлатии суғурта фарогирии маҳдуд доранд, имкониятҳои молиявӣ барои бартараф кардани хатари офатҳои табиӣ ва харобиҳои ба вуҷудовардаи онҳо маҳдуд мебошанд. Дар ҳоле ки созмонҳои бисёрҷониба монанди Бонки осиёии рушд барои озмоиши шаклҳои гуногуни (маҳсулоти) суғуртаи мувофиқ ба контекст ва дастрас кӯшиш мекунанд, воқеият ин аст, ки онҳо метавонанд танҳо қисме аз хароҷоти харобиҳоро фаро гиранд. Онҳо наметавонанд сатҳи хатари офатҳои табииро коҳиш диҳанд ё сатҳи осебпазирии ҷомеаҳои деҳотро ба хатарҳои мазкур паст кунанд. Нақши асосии давлат аз он иборат аст, ки барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва умуман дар идоракунии хатар эҳтиёткорона сармоягузорӣ кунад. Бар хилофи талошҳои созмонҳои байналмилалӣ ва бисёрҷониба дар маблағгузорӣ ва татбиқи ташаббусҳо оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, нақши сармоягузории давлатӣ дар ҳифзу нигоҳдории инфрасохтори муҳофизатӣ, монанди габионҳо (тӯрхалтаҳои симин), иншооти муҳофизатӣ (палисадҳо) ва дигар шаклҳои мустаҳкамкунии соҳили дарёҳо, норавшан боқӣ мемонад. Воқеан, бо дарназардошти он ки таъмир ва нигоҳдории рӯзмарра ва ивазкунии инфрасохтори физикии харобшуда ҳарчанд бо суръати пастраванда аз ҳисоби маблағгузории берунӣ идома дорад, пешрафти кам дар таҳияи рӯйкардҳо ва системаҳои устувор барои ба таври самарабахш коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ вуҷуд дорад, ки аз ҳисоби захираҳои ҷамъшаванда дар кишвар маблағгузорӣ ва тавассути саҳмҳо аз манбаъҳои берунӣ истифода мешаванд.

Дар ёддошти мазкур ба потенсиали се манбаъи ғайрианъанавӣ барои маблағгузории коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон таъкид карда мешавад:

Саҳмҳои ҷомеа дар нақшаҳои сатҳи ноҳиявӣ ва буҷетҳо барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ;

Ҷараёнҳои мавриди ҳадафи даромадҳои бахши давлатӣ;

Маблағгузории шартӣ бар асоси натиҷа.

Дар тӯли ду даҳсолаи фаъолият дар Тоҷикистон, Каритас Швейтсария дониши васеъ ва рӯйкардҳои устуворро дар ду даҳсолаи аввал ба даст овард ва ҳоло зарурати пешбурди даҳаи сеюмро дарк мекунад. Ёддошти мазкур дониши арзишмандро пешниҳод мекунад, ки тавассути далелҳои таҷрибавӣ ба даст оварда шудааст ва барои баррасиҳои давомдор дар бораи Стратегияи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва ислоҳоти вобаста ба бахшҳои об ва кишоварзӣ арзиши муҳим доранд. Як паёми калидӣ ин аст, ки коҳиши хатари офатҳои табиӣ бояд ҳамчун раванди рушд баррасӣ карда шавад, ки дар ҷамъоварии маблағҳои зарурии ҳам дохилӣ ва ҳам берунӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани навовариҳое нақши фаъолро бозӣ мекунад, ки онҳо барои кашф ва татбиқи системаҳои самарабахш ҷиҳати коҳиши хатар ва идоракунии хатар пешбинӣ шудаанд. Алтернативаи норавшан – давомдор будани маблағгузории кӯтоҳмуддат мебошад, ки ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон камтар мусоидат мекунад.


Ҷомеаҳо ҳамчун шарик мебошанд, на ҳамчун нозир Яке аз натиҷаҳои ниҳоии раванди феълии ислоҳоти соҳаи об – интиқоли идоракунии хатари обхезиҳо ба ихтиёри ҳукумати ноҳия мутобиқи рушди ташкилотҳои ҳавзаи дарё мебошад. Ин раванди мураккаб бояд дар байни иштироккунандагони гуногун ва ноҳияҳо ҳамоҳанг карда шавад ва бояд буҷетҳои сатҳи ноҳиявиро дар назар гирад, ки дар маҷмӯъ барои пешниҳод намудани хидматрасониҳои асосии давлатӣ кофӣ нестанд. Дар ноҳияи Муъминобод, муҳосибаҳои ғайрирасмӣ нишон медиҳанд, ки буҷети ноҳия дар муқоиса бо маблағе, ки барои ҳифзи хидматрасониҳои асосии давлатӣ ва инфрасохтор зарур мебошанд, аксари вақтҳо 30% камтар аст. Мансабдорони ноҳия шарҳ медиҳанд, ки даромад аз ҷамъоварии андоз дар натиҷаи камбизоатии шадид дар ҷомеаҳои деҳот паст боқӣ мемонад; бо вуҷуди ин, сатҳи омодагии ҷомеаҳо барои сармоягузорӣ дар тадбирҳо оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баланд боқӣ мемонад. Сармоягузориҳои Швейтсария дар ноҳияи Муъминобод дар байни солҳои 2010 ва 2019, ки якҷо бо ҳукуматҳои ноҳиявӣ ва ҷомеаҳо амалӣ карда шудаанд, барои инфрасохтори физикии коҳиши оқибатҳои офатҳои табиӣ 20% саҳми ҷомеаро ҷалб карданд. Барои тадбирҳо оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки асосҳои устувори муҳити зист монанди қитъаҳои агроҷангалпарварӣ, идоракунии устувори истифодаи замин ва чаронидани давравии (ротатсионии) чорворо дар бар мегиранд, саҳми ҷомеа ба 45% расид. Пешниҳодҳои ҷомеаҳо барои сармоягузории муштарак дар нигоҳдорӣ, сохтмони нави инфрасохтори муҳофизати соҳили дарёҳо ва идоракунии устувори истифодаи замин ҳавасмандии ҷомеаҳоро дар маблағгузории муштарак дар соҳаҳое таъ-

« Барои КХОТ зарурати таъҷили вуҷуд дорад, ки танзимкунандаи муассир, системаи молявӣ, ҷалби ҷомеаҳо барои сармоягузории муштарак ва шарикӣ бо ҳукуматҳои маҳаллиро инкишоф дод. »

кид мекунанд, ки манфиатҳои мустақим ва назаррасро таъмин мекунанд. Таҷрибаи Каритас Швейтсария дар ноҳияҳои Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин иддаои мазкурро тақвият медиҳад ва саҳмҳои ҷомеаро дар миқёси монанд нишон медиҳад. Мутаассифона, равандҳои буҷети сатҳи ноҳиявӣ ба ҳаракати замони ҳозира дар самти истифодаи саҳмҳои ҷомеа барои зиёд кардани буҷети маҳаллӣ мувофиқат намекунанд. Яке аз монеаҳо – набудани қобилият ва ё салоҳият барои бар дӯши худ гирифтани уҳдадорӣ ва иҷро намудани уҳдадорӣ оид ба маблағгузории давлатӣ мебошад, ки аз маблағгузории муштараки хусусӣ вобаста аст. Монеаи дуюм, набудани системаҳо ҷиҳати ба таври самарабахш ҷудо кардани маблағҳо аз буҷети умумӣ барои ташаббусҳои мавриди ҳадаф мебошад. Яке аз рӯйкардҳое, ки аз тарафи ҳукуматҳои ноҳиявӣ татбиқ карда мешавад, маҷбур кардани соҳибкорони сарватманд (дар ноҳияҳое, ки онҳо вуҷуд доранд) мебошад, ки онҳо ташаббусҳо барои рушди маҳаллиро бо захираҳои ҳадди ақали давлатӣ маблағгузорӣ кунанд. Рӯйкарди дигар дархостҳои давомдор барои дастгирӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дар шакли сӯзишвории дизелӣ ва таъминоти моддӣ барои барқарорсозии фаврии инфрасохтор оид ба коҳиши оқибатҳои офатҳои табиӣ мебошад, ки ин ҳам вазъияти ноустуворро эҷод мекунад. Аз ин рӯ, зарурати фаврӣ барои таҳияи системаҳо ва равандҳои самарабахши танзимкунанда ва молиявӣ ҷиҳати ҷалби омодагии ҷомеаҳо барои сармоягузории муштарак ва шарикӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ вуҷуд дорад.


« Ҳангоми тарҳрезии дуруст, равандҳое, ки дар заминаи алоқамандии фаъолиятҳо барои солимгардонии экосистема ва хатари офатҳои табиӣ пайдо гардидаанд, дар айни замон он ҳамчун раванди ЭКО-КХОТ қабул гардидааст, ба даромаднокии хусусӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ мувофиқат мекунанд. »

Ҷараёнҳои мавриди ҳадафи даромадҳои бахши давлатӣ барои дастгирии коҳиши хатари офатҳои табиӣ Бо маҳдуд будани буҷетҳои вазорат барои дастгирии ташаббусҳои зарурии кишоварзӣ, экологӣ ва захираҳои об ва буҷетҳои ноҳиявӣ, ки барои пешниҳод намудани хидматрасониҳои асосии давлатӣ нокофӣ ҳастанд, Тоҷикистон наметавонад ба таври воқеӣ ваколатҳои соҳавии худро иҷро кунад. Дар вокуниш ба мушкилии мазкур, кишвар мумкин аст фаъолиятҳои даромаднокро дар назар гирад, махсусан фаъолиятҳое, ки робитаҳои байни саломатии экосистема ва хатари офатҳои табииро эътироф мекунанд ва ба онҳо асос ёфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир маъмулан ҳамчун коҳиши хатари офатҳои табиӣ бар асоси экосистема гурӯҳбандӣ карда шудаанд. Ҳангоми ба таври дуруст таҳия шудан, рӯйкардҳои мазкур ба зарурат барои фоидаоварии бахши хусусӣ ва таъмини хидматрасониҳои давлатӣ мувофиқат мекунанд. Дар байни солҳои 2015 ва 2019, сармоягузориҳои Олмон дар соҳаи ҷангали Тоҷикистон, ки аз ҷониби Каритас Швейтсария бо Агентии хоҷагии ҷангал ҳамоҳанг карда шудааст, 579 шартномаи идоракунии муштараки ҷангалро байни деҳқонони хусусӣ ва агентиҳои хоҷагии ҷангал (лесхоз) дар сатҳи ноҳия таҳия намуданд, ки тақрибан 10 000 гектар ҷангали ҷамъиятиро фаро мегиранд. Созишномаҳои иҷораи 20-сола бахше аз нақшаи калонтари идоракунии ҷангал ва механизми тақсими/мубодилаи маҳсулот буданд1. Устувории рӯйкарди мазкур ба иштироки фаъоли хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳифзи ҷангал, ҷангалшинонӣ, барқарорсозии ҷангал ва ҳамчунин идоракунии устувори истифодаи замин асос ёфтааст, ки воситаҳои рӯзгузаронии маҳаллӣ ва пешгирии офатҳои табииро дастгирӣ менамояд. Ангезаҳои иқтисодӣ барои 1- Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки хасбеда ва хӯроки чорво (48%),

мева ва чормағз (28%), ҳезум (19%) ва чӯб (5%) маҳсулоти асосӣ буданд, ки истеҳсол ва ҷамъоварӣ шудаанд.

хоҷагиҳои давлатии ҷангал муҳим мебошанд – кам шудани зарурат дар иҷрои ташаббусҳо оид ба идоракунии ҷангал ва ҳиссаи мувофиқашудаи маҳсулоти истеҳсолшуда бо тартиби 50% мушоҳида мешавад, ки тавассути фурӯшҳои тиҷоратӣ ба пули нақд барои буҷетҳои маҳаллӣ ва давлатӣ иваз карда мешавад. Каритас Швейтсария рушди парваришгоҳҳои тиҷоратиии ниҳолро дар ҷавоб ба набудани ниҳолҳои дарахтон ва навдаҳои решадоре, ки барои рушди ҷангалшинонӣ ва плантатсияҳои бисёрҳадаф зарур мебошанд, озмоиш мекунад. Парваришгоҳҳои мазкур ба таври стратегӣ таҳти назорати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) қарор доранд ва бо нақшаҳои асосдори тиҷоратӣ ва экологӣ дастгирӣ карда мешаванд. Ҳадаф – муттаҳид кардани даромаднокӣ бо устуворсозии муҳитҳои нозук мебошад, ки онҳо аз офатҳои табиӣ осебпазир ҳастанд. Парваришгоҳҳои ба таври самарабахш идорашаванда метавонанд дар як гектар дар давоми як сол то 150 000 ниҳол истеҳсол кунанд ва ҷомеаҳои маҳаллиро бо ниҳолҳои солим ва дастрас таъмин намоянд. Бо даромади солонаи тақрибан 10000 франки Швейтсария аз як гектар, ниҳолхонаҳои мазкур (агар масоҳати онҳо афзоиш ёбад), эҳтимолан дар озод кардани буҷетҳои соҳавӣ барои нигоҳ доштани инфрасохтори муҳим ва ташаббусҳое, ки ба пешгирии офатҳои табиӣ пешбинӣ шудаанд, нақши муҳимро бозӣ мекунанд. Ҳарчанд КҲФ дорои мандати расмӣ барои пешгирии хатари офатҳои табиӣ намебошад, манбаъҳои мазкур, ки дар сатҳи маҳаллӣ таъмин карда мешаванд, моликияти миллии раванд ва пешбурди устувориро таъмин мекунанд.


Маблағгузорӣ бар асоси натиҷаи ниҳоӣ Хусусияти коҳиши хатари офатҳои табиӣ таҳияи нишондиҳандаҳоеро тақозо мекунад, ки дар маҷмӯъ тавассути натиҷаҳои миёнамуҳлат муайян карда мешаванд – шумораи одамон ё хонаводаҳои фарогирифташуда, андозагириҳои инфрасохтори муҳофизатии барқароршуда ё ба тозагӣ сохташуда, миқёси омӯзиш ва шумораи семинарҳои баргузоршуда ва ғайра. Аз нуқтаи назари рушд, нишондиҳандаҳо метавонанд дар оянда минтақаи ҷуғрофии фарогирифташуда, шумораи дарахтони шинонидашуда, тағйирот дар ҳосилнокӣ ва афзоиши даромади хонаводаҳоро дар назар гиранд. Бо вуҷуди ин, аз нуқтаи назари коҳиши хатари офатҳои табиӣ бар асоси экосистема, натиҷаҳои ниҳоии камтар намоён ва аксари вақтҳо нодида гирифташаванда ҳамчунин бояд ба арзёбӣ ворид карда шаванд. Бо дарназардошти дониши касбшуда тавассути таҷрибаи Муъминобод, Каритас Швейтсария ҳоло таъсири мусбати таҷрибаҳои идоракунии устувори истифодаи заминро барои саломатии хок тасдиқ намуда, оқибатҳои сабуккунандаи беҳтар кардани саломатии хокро барои эрозияи хок, обхезӣ ва лағжишҳои замин (ярчҳо) муайян намуд. Натиҷаҳои озмоишгоҳӣ (лабораторӣ) аз арзёбии қитъаи замини гандум ҳангоми шудгоркунии контурӣ ва марзакашӣ (террасировка) (коркард) дар муқоиса бо қитъаи замини гандум ҳангоми шудгоркунии анъанавӣ дар нишебии теппа (коркарднашуда) сатҳи ба таври назаррас баланди гумусро (2% дар муқобили 1,3%) нишон медиҳад. Таркиби фосфор дар қитъаи замини коркардшаванда нисбат ба қитъаи замини коркарднашуда ҳамчунин 50% зиёдтар буд. Фосфор асосан бо зарраҳо алоқаманд мебошад, аз ин рӯ, таркиби баландтари фосфор суръати пасттари эрозияро (миқдори таҳнишинҳои рез) нишон медиҳад. Мусоҳибаҳо бо соҳиби замини гандум дар чорчӯби таҷрибаи нав нишон медиҳанд, ки истеҳсоли тухмӣ тақрибан ду маротиба аз 550 кг дар як мавсим то 1000 кг зиёд шудааст ва ин қобилиятро барои якҷо вуҷуд доштани системаҳои даромадноки иқтисодӣ ва самарабахши экологӣ тасдиқ мекунад.

Озмоишҳои лабораторӣ ҳамчунин нишон доданд, ки дараҷаи гузарониши гидравликии хок дар макони агроҷангалпарварӣ нисбат ба плантатсияи наздики коркарднашудаи гандум 10 маротиба зиёдтар аст. Ҳарчанд дараҷаи гузарониши гидравликии хок ҳамчун воситае муайян карда мешавад, ки об тавассути холигоҳҳо ё роғҳо дар хок ҳаракат мекунад, он аз гузариши (нуфузи) оби борон фарқ мекунад ва робитаи мутақобил байни онҳо вуҷуд дорад. Натиҷаҳои мазкур нишон медиҳанд, ки шинонидани дарахтон ва агроҷангалпарварӣ метавонанд ҷараёни обро коҳиш диҳанд ва ҳамин тавр хатари обхезиро дар минтақаҳои поёноб паст кунанд. Ин тадбирҳои оддӣ, вале самарабахш барои дарки таъсири ташаббусҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ бар асоси экосистема муҳим мебошанд. Идораҳои маблағгузорикунанда бояд дарк намоянд, ки дараҷаи баландтари ҳосилнокӣ дар истеҳсолот ва ландшафтҳои сабзтар на ҳамеша бо хидматрасониҳои самарабахши экологӣ мутаносиб ҳастанд ва бояд анҷоми тадбирҳоро ҷиҳати масъул нигоҳ доштани татбиқкунандагон ва шарикони ҳукуматӣ барои пешбурди рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баррасӣ намоянд. Нигарониҳои таҳиякунандагон дар бораи афзоиши бори далели илмӣ мумкин аст бо имконияти ҷомеаи илмӣ барои маблағгузории коҳиши хатари офатҳои табиӣ сабук карда шавад, ки ба рушд алоқаи наздик дорад – соҳае, ки дар Тоҷикистон ҳоло пурра амалӣ карда нашудааст. Мушкилӣ аз эҷоди шарикиҳои муносиб байни ҷомеаҳои таҳиякунанда ва ҷомеаҳои илмӣ дар Тоҷикистон ва дар сатҳи байналмилалӣ иборат мебошад. Ҷомеаи илмӣ ҳамчунин метавонад барои маблағгузории коҳиши хатари офатҳои табиӣ тавассути ташаббусҳои “пардохт барои муваффақият”, ки бештар ҳамчун уҳдадориҳо барои таъсири муҳити зист шинохта шудааст, имконият фароҳам созад. Ҳарчанд механизмҳои мазкури маблағгузорӣ мураккабу печида мебошанд, Тоҷикистон метавонад чунин ташаббусҳоро озмоиш кунад.

Тавсияҳо

1

2

Мақомоти ҳукуматӣ дар сатҳҳои миллӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ бояд фавран равандҳои муосири банақшагирии рушди ноҳияро қабул кунанд, махсусан равандҳое, ки омодагии ҷомеаҳоро барои банақшагирии муштарак ва сармоягузории муштарак дар тадбирҳо барои коҳиши осебпазирӣ ба офатҳои табиӣ пешбинӣ менамоянд.

Созмонҳои байналмилалӣ ва бисёрҷониба бояд ба рушди системаҳо ва равандҳо бештар диққат диҳанд, ки ба вазорату кумитаҳо бо ваколатҳои вобаста ба кишоварзӣ, муҳити зист ва рушд барои ба даст овардани даро-

мади давлатӣ ҷиҳати дастгирии ваколатҳои асосии худ кӯмак мекунанд. Ин барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ дорои аҳамияти махсус ва мустақим мебошад, зеро робитаҳо дар байни соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангал ва об паҳн мешаванд.

3

Идораҳои маблағгузорикунанда бояд роҳҳои алтернативии сармоягузориро дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон дар назар гиранд. Дар ҳоле ки маблағгузорӣ барои наҷотдиҳӣ ва барқарорсозӣ муҳим мебошад, маблағгузории фаврии вобаста ба хидматрасониҳои экологӣ ҷиҳати ба таври самарабахш коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ зарур аст. Дар сурати мавҷуд набудани маблағгузории асосёфта ба натиҷаи ниҳоӣ, истифода аз захираҳои берунӣ барои пур кардани камбудиҳои буҷет якҷо бо равона намудани диққат ба натиҷаҳои кӯтоҳмуддат идома хоҳанд ёфт.


Дар бораи муаллифҳо Шинан Н. Кассам, Директори Минтақавии

Шуъбаи КАРИТАС Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе

Арабела Филипона, мушовири мустақил, ки дар Давос қарор дорад Афзалшо Насибов, менеҷери лоиҳа, коҳи-

ши хатари офатҳои табиӣ бар асоси экосистема, Шуъбаи КАРИТАС Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе

Амриддин Қарахонов, мушовири барнома мониторинг ва арзёбӣ, Шуъбаи КАРИТАС Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе

Изҳори сипос Каритас Швейтсария ба Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон ва Чарлз Келлӣ барои мубоҳисаҳои андешамандона, ташвиқкунанда ва созанда дар бораи маблағгузории коҳиши сатҳи хатари офатҳои табиӣ изҳори сипос менамояд. Як қатор сабақҳои омӯхташуда аз баррасиҳои мазкур дар ин тавсифи мухтасари сиёсати соҳавӣ инъикос ёфтаанд. Ҳамчунин, аз Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ барои шарикии самарабахш дар касби дониш ва далелҳо ҷиҳати дастгирии татбиқи васеъи рӯйкардҳои аз нигоҳи контекст дахлдор ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон сипосгузорӣ карда мешавад. Ҳамаи фикру мулоҳизаҳо ва далелҳои дар ин ҷо овардашуда танҳо ба муаллифон дахл доранд ва назарҳову сиёсати расмии шарикони институтсионалии Каритас Швейтсария ва идораҳои маблағгузорикунандаро ифода намекунанд.

Тарҳрезӣ ва тарҳ аз тарафи Zoï Environment Network / Carolyne Daniel 2020 Ҳама аксҳои суратгирифта ® Каритас Швейтсария

Leopold Bachmann Stiftung


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Disaster Risk Reduction in Tajikistan: Leveraging non-traditional financial sources - Tajik by Zoï Environment Network - Issuu