Паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон Тавзеҳи васеътари қонуни миллии муассир дар бораи чарогоҳ Тавсифи мухтасар: TJ19-02 Декабри соли 2019
Тавсифи мухтасар Мутобиқи омори миллӣ 73% аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва 65% даромад аз маҳсулоти кишоварзӣ, ҷангалпарварӣ ва моҳидорӣ ба даст меояд. Лағзиши замин (ярч), обхезиву сел ва ҷорӣ шудани лойоба ба ҳаёт ва моликияти мардум таҳдид мекунанд ва барои воситаҳои рӯзгузаронии устувор дар деҳот хавфи воқеӣ доранд. Деградатсияи (таназзули) чарогоҳҳои кӯҳӣ ҳамроҳ бо нобудшавии ҷангалҳо ва амалҳои ноустувори идоракунии истифода аз заминҳои кишоварзӣ осебпазирии ҷомеаҳои деҳотро ба хатарҳои табиӣ афзоиш медиҳад. Дар муҳосибае, ки СММ дар соли 2012 анҷом додааст, зикр шудааст, ки наздики 90% аз 3.8 миллион га заминҳои чарогоҳ дар ҷумҳурӣ ба эрозияи миёна ва шадид дучор шудаанд. Маълумоти ғайрирасмӣ пешниҳод мекунад, ки то имрӯз тағйироти бисёр кам сурат гирифтааст ва шумораи афзояндаи ҳайвоноти хонагӣ ва идоракунии заифи чарогоҳҳои кӯҳӣ мушкили эрозияро боз ҳам печидатар месозанд. Қонуни ҶТ “Дар бораи чарогоҳ» (2013) ба таъсис додани беш аз 450 ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ (ҶИЧ) дар сатҳи деҳа мусоидат кард. Аз тариқи таҳияи нақшаҳои идоракунии чарогоҳ муносиб ба контекст ва амалияҳои устувори идоракунии истифода аз замин, маҳсулнокии заминҳои чарогоҳ ба таври чашмрас беҳтар гардид. Вале мутаассифона, деградатсияи (таназзули) ҳам чарогоҳҳои тобистонӣ ва ҳам зимистонӣ идома дорад. Ин боиси тааҷҷуб нест, ки ба иловаи зироатҳои стратегӣ ба монанди ғалла ва пахта, чорводорӣ ҳам нақши муҳим дар системаи воситаҳои рӯзгузаронӣ дар деҳот бозӣ мекунад. Чорводорӣ бо таъмин кардани манбаъи муҳими озуқаворӣ, ғизохӯрӣ, даромад ва саргин ҳамчун нурӣ ва ҳам маводи сӯхт барои гармкунӣ – ва низ ҳамчун шакли сарват ва амонат, манбаъи калидии даромад ва дороӣ барои бисёре аз хонаводаҳои деҳот боқӣ мемонанд. Бо дарназардошти имкониятҳои маҳдуди корёбӣ дар маҳалҳои деҳот ва нисбатан бозори заиф барои маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиши шумораи чорво ба заминҳои чарогоҳи алакай деградатсияшуда фишори зиёд ворид мекунад. Қонун “Дар бораи чарогоҳ” ки ахиран моҳи июни соли 2019 тасвиб шуд, ки он бар ҳамон импулси қонуни соли 2013 асос ёфтааст, вале аз нигоҳи равшанӣ андохтан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва салоҳиятҳои онҳо ва ҳам аз нуқтаи назари тарзҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии муассири байни бахшҳо нокомил боқӣ мемонанд.
Вақти он омада расид, ки масъалаҳои вобаста ба истифодабарӣ ва идоракунии устувори чарогоҳ ба рӯзномаи васеътаре ворид карда шавад, ки ислоҳоти суратгирифтаистода дар бахшҳои об ва кишоварзӣ ҳамроҳ бо механизмҳои ҳамоҳангсозии ҳавзаи об, дохили ноҳия ва ҳавзаи дарё барои паст кардани сатҳи хавфи офатҳои табииро якҷо фаро гирад. Таваҷҷуҳи фаврӣ лозим аст аз ҷониби:
ҲУКУМАТ бояд ҳамоҳангӣ ва ҳамкории байни бахшҳоро дар байни вазоратҳои дахлдор, мақомоти вилоятӣ ва ноҳиявии иҷроияи давлатӣ ҳамроҳ бо ташаббусҳои аз берун мабалғгузоришавандаи идоракунии чарогоҳ ҷиҳати тадбирҳои бештар муассири паст кардани сатҳи хавфи офатҳои табиӣ хуб ба роҳ монад.
СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ЧАНДҶОНИБА бояд устувории рӯйкардҳои (равишҳои) вобаста ба паст кардани сатҳи хавфи офатҳои табииро аз тариқи ворид кардан ба нақшаи рушди ноҳия ва ҳамзамон аз тариқи рушди механизмҳои муассир барои ҳамкорӣ дар дохили ноҳия ва банақшагирӣ дар сатҳи ҳавзаи дарё эҷод намоянд.
БАХШҲОИ ХУСУСӢ ВА ДАВЛАТӢ бояд муҳити қодирсозандаеро барои дастгирии рушди соҳаи чорводорӣ дар хоҷагиҳо ва хонаводаҳо дар деҳа ва ё сатҳи ҷомеа эҷод намоянд.
Бешубҳа, ин равиш нақшҳову уҳдадориҳои возеҳ ва механизмҳои муассири танзимкунандаи муносиб ба контекстро якҷо бо захираҳои зарурӣ барои дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи идоракунии самараноки чарогоҳҳо талаб мекунад. Дар шакли идеалӣ, ин механизмҳо бояд ба қонуни ислоҳшуда дар бораи чарогоҳ ё тавассути нашри машваратҳои танзимкунанда ва татбиқу тақвияти онҳо ворид карда шаванд.
Қонун дар бораи чарогоҳ Соли 2013 Тоҷикистон нахустин қонуни худро дар бораи чарогоҳ қабул кард. Ҳадафи он ғайримутамарказ кардани идоракунӣ аз тариқи тақвият додани иқтидор ва масъулиятҳои бозигарони маҳаллӣ мебошад. Аз рӯи моҳияти худ қонун эҷоди се муассисаи навро иҷозат дод:
Ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ, ки амалҳои устувори идоракунии заминро дар сатҳи деҳа татбиқ мекунанд
Комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ, ки дар сатҳи ноҳия фаъолият мекунад.
Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ салоҳият дорад, ки меъёрҳо ва иқдомҳоро барои идоракунии чарогоҳ муқаррар намояд. (Вилкес 2014; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи чарогоҳ 2013 (№951)).
Дар ҳоле ки қонуни соли 2013 ба муваффақияти чашмрас дар ташкили ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо1 ноил шуд, ба таври васеъ созмонҳои байналмилалии рушд ёрӣ расониданд, вале таъсиси комиссияҳои сатҳи ноҳия пурра ба охир нарасид. Агентии миллии пешбинишуда – ҳамчун Фонди боварӣ (трастӣ) дар назди Вазорати кишоварзӣ таъсис шуд, - вале дар чорчӯби ислоҳои рафтаистода дар соҳаи кишоварзӣ набудани салоҳиятҳои ҳуқуқӣ вобаста ба истифодаи чарогоҳ ба душворӣ дучор шуд. Баъзеҳо чунин баҳсро пеш меоранд, ки ба иловаи он, ки нақшҳо ва масъулиятҳо номуайян ҳастанд, механизмҳои одилона ва шаффофи тақсимоти чарогоҳҳо ҳамроҳ бо ҳуқуқҳои дақиқ ва пардохтҳои вобаста дар қонуни соли 2013 инъикос наёфтаанд (Вилкес 2014; Роберт 2015).
1- Маълумот аз ҷониби Фонди боварии (трастии) Вазорати кишоварзӣ пешниҳодшуда нишон медиҳад, ки тахминан 450 ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ дар ҷумҳурӣ ташкил карда шудаанд. Вале ин чиз маълум нест, ки чанде аз ин ҷамъиятҳо расман ба қайд гирифта шудаанд ва чанд тои онҳо ба таври самарабахш кор мекунанд.
Дар қонуни нав “Дар бораи чарогоҳ”, ки моҳи июни соли 2019 қабул шуд, ин камбудиҳо дар назар гирифта шудаанд ва ихтилофҳоро бо қонун “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва Кодекси ҷангал аз байн мебарад. Дар ҳоле, ки чунин пешрафтҳои зиёде сурат гирифтааст, нақшҳо ва салоҳияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандӣ номаълум боқӣ мемонанд ва баъзе вақтҳо ҳатто гиҷкунанда мебошанд. Санадҳои зерқонунӣ, ки ҳоло таҳия шудаанд, масъулияти муштаракро барои идоракунии чарогоҳ дар миёни Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки барои ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологӣ масъул аст, пешбинӣ мекунад. Чӣ гуна ин вазорату идораҳо ба хотири кафолат додани идоракунии чарогоҳҳо фаъолиятҳоро бо ҳамдигар ҳамоҳанг мекунанд, номаълум боқӣ мемонад. Ба таври аён Агентии хоҷагии ҷангал дар ин фаъолиятҳо ҳузур надорад, ки дар айни ҳол тақрибан 400000 га чарогоҳ дар дохили ҷангалҳои кишвар вуҷуд доранд. Набудани салоҳият ва нақшҳои муайяншудаи ҳукуматҳои ноҳия ва низ равандҳои идорӣ ва механизмҳои тақвиятӣ ҳам боиси ташвиш мебошад. Чун заминҳои чарогоҳ ҳудудҳои маъмуриро намешиносанд, масъалаҳои ба андозаи баробар муҳими ҳамоҳангсозии муассир дар дохили ноҳия ҳам дар қонуни ҷорӣ дар бораи чарогоҳ шарҳ дода нашудааст. Зимни пардохти ҳадди ақали солона тақрибан 8 сомонӣ барои ҳар гектар аз 3.8 миллион га замини чарогоҳ даромади солона дар ҳаҷми 30 миллион сомонӣ потенсиали чашмрасро барои сармоягузориҳои бомақсад пешниҳод менамояд.2 Дар моддаи 24 (7) Қонуни соли 2019 “Дар бораи чарогоҳ” (тарҷумаи ғайрирасмӣ ба забони англисӣ) таъкид шудааст, ки “Маблағи иҷораи чарогоҳ ба буҷетҳои маҳаллӣ дохил гардида, дар асоси нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарии чарогоҳ барои беҳтаргардонии ҳолат ва рушди объектҳои инфрасохтории чарогоҳ истифода бурда мешавад”. Моддаи мазкур ҳам аз нуқтаи назари равандҳо, салоҳиятҳо ва хусусияти сармоягузориҳои пешбинишаванда ва ҳам аз нуқтаи назари нақше, ки ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ бозӣ мекунанд, мушаххас нест.
2- Пардохти маблағ барои ҳар гектар вобаста ба мавсим ва маҳсулнокии чарогоҳ фарқ мекунад.
Системаи ҷории идоракунии чарогоҳ то чӣ андоза устувор аст? Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ, ки ба таври қонунӣ ба қайд гирифта шудаанд, ҳақ доранд шаҳодатномаи истифодаи заминро касб намоянд ва ба ин восита, иҷозати фаъолиятро дар чарогоҳҳои давлатӣ ба даст меорад, ки ба беҳтаршавии маҳсулнокӣ ва ҳифз иртибот дорад. Маълум нест, ки бақайдгирӣ дар сатҳи ҷамоат сурат мегирад, дар сатҳи ноҳия ё вилоят ва низ арзиши номуайяни бақайдгирӣ3 барои ташкили дигар ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ монеа эҷод мекунад. Дар натиҷаи суҳбат ва баррасӣ бо як қатор ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ маълум шуд, ки сарфи назар аз арзиши баланд, ташкил кардани ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ ба тавонмандсозии маҳаллӣ ва ҳавасмандӣ барои сармоягузории дарозмуддат дар чарогоҳҳои кӯҳӣ саҳми қавӣ доштааст. Яке аз ин ҳавасмандиҳо аз тариқи пардохтҳои дарёфтшуда аз узвият бар асоси чанд сар ҳайвоноти чаранда доштан сурат гирифтааст. Ҳангоми пардохтани пул барои истифодаи замин ҷиҳати ҳар гектар ба ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ (ҶИЧ) як нигаронӣ он аст, ки ҶИЧ метавонад ба таври самарабахш дониставу надониста ба системаи афзоишёбандаи чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ ҷалб шавад. Шумораи афзоишёбандаи чорво метавонад ба сахтшавии қабати хок ва осеби сохтори хок оварда расонад ва ин боиси тағйир дар масирҳои ҷоришавӣ гардад ва хавфу осебпазирии ҷамоатҳои поёнобро ба офатҳои табиӣ афзоиш медиҳад. Арзёбии ҳашт ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ дар ноҳияи Муъминобод нишон медиҳад, ки шумораи чорво 26% дар панҷ соли охир афзоиш ёфтааст, дар ҳоле ки шумораи аҳолӣ (инсонҳо) танҳо ними ин миқдор зиёд шудааст (13%). Бар асоси меъёрҳои мавҷуда дар контексти Муъминобод миқдори саршумории чорво дар ҳар гектар аз 0,5 то 1.0 сар дар ҳар гектар (як гов ё 2,5 чорвои хурд) мебошад. Маълумотҳои ғайрирасмӣ нишон медиҳанд, ки ин меъёр бар асоси ду ё зиёда омилҳо бештар шудааст. Аъзоёни ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ афзоиши мазкури саршумори чорвороро ба кам шудани интиқоли маблағҳо аз ҷониби аъзои оила, ки дар хориҷ аз кишвар кор мекунанд, набудани эътимод ба бахши бонкии расмӣ (ҳам аз нигоҳи амонатҳо ва ҳам аз нигоҳи маҳсулоти молиявӣ) ва ҳамчунин пастшавии ҳосилнокии замин дар истеҳсоли зироатҳо рабт медиҳанд. Ҳар се сабаби зикршуда арзиши сармоягузории чорводориро ҳамчун дороиҳо нишон медиҳанд, ки мумкин аст дар вақти зарурат ба фурӯш бароварда шаванд. Баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокии чарогоҳҳо тавассути нақшаҳои аз нав кишт намудани тухмӣ, киштгардон ва ҳамчунин дастрасӣ ба нуқтаҳои обдиҳии чорво саломатӣ ва ҳосилнокии чорворо беҳтар мекунад ва бо ин роҳ арзиши дороиҳои мазкурро ҳифз менамоянд, аммо барои устувории дарозмуддати иқтисодӣ ва экологӣ кофӣ нест. 3- Ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ дар вилояти Хатлон дар бораи рақамҳои гуногун барои хароҷоти бақайдгирӣ гузориш доданд. Маълум нест, ки ба ин маблағҳо чӣ ворид мешаванд, чаро ин фарқиятҳо вуҷуд доранд ва дар қиматҳову равандҳо равшанӣ нест.
Холигоҳи/норасоии доимӣ дар захираҳои хӯроки чорво, махсусан дар фаслҳои зимистон ва баҳор, ба чарогоҳҳои ҷамъиятӣ фишор меорад. Беҳтар кардани дастрасӣ ба захираҳои хӯроки чорво бо имконоти зарурии захирасозӣ ва оғилҳои чорво яке аз роҳҳои эҳтимолии паст кардани фишори мазкур мебошад. Бо вуҷуди талошҳои анҷомшаванда аз ҷониби созмонҳои байналмилалии рушд барои мусоидат ба афзоиши чорво дар сатҳи хоҷагиҳои фермерӣ, сатҳи истеъмол дар маҷмӯъ паст боқӣ мемонад. Дар байни монеаҳои муҳиме, ки аз ҷониби фермерон зикр карда шудаанд, ҳаҷми иловагии қувваи корӣ, ки барои он оилаҳо мумкин аст қобилият надошта бошанд, дастрасии нокофӣ ба сармояи корӣ ва қарзҳо барои инфрасохтор, мавҷудияти маҳдуд ё набудани хӯроки дастраси чорво дар бозорҳои маҳаллӣ мебошанд. Дар ҳоле ки Қонун “Дар бораи чарогоҳ” барои таъмини назорат ва танзими чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ пешбинӣ шудааст, ба потенсиали ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ ҷиҳати истеҳсоли хӯроки арзони чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ бо мақсади дастгирии корхонаҳои фарбеҳкунӣ ва ғизодиҳии чорво дар оғил ё дар ҳолати баста дар сатҳҳои хонаводаҳо ва ҷомеаҳо диққати кам дода мешавад. Дастрасӣ ба хӯроки арзони чорво метавонад дараҷаи чарониданро дар чарогоҳҳои кӯҳӣ тавассути парвариши пуршиддат дар хоҷагӣ коҳиш диҳад ва ҳамзамон манбаъи иловагии даромадро барои дастгирии ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ дар нақши вазифавии он оид ба идоракунии истифодабарии чарогоҳҳо таъмин намоянд. Чанд ҷамъияти хурдтари истифодабарандагони чарогоҳ, ҳадди ақал дар Хатлони Шарқӣ, эҳтимолияти ба даст овардани даромадҳои кофиро барои пардохтани хароҷотҳои маъмурии муҳосиб ва роҳбари ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ надоранд. Вазъияти мазкур тасдиқи онро таҳти шакку шубҳа қарор медиҳад, ки ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ метавонад барои дурнамои дарозмуддат аз ҷиҳати иқтисодӣ устувор бошанд. Илова бар набудани қобилият ҷиҳати анҷоми пардохтҳо барои ҷуброни пурраи хароҷот дар ҷамъиятҳои хурдтари истифодабарандагони чарогоҳ, Кодекси феълии андоз барои ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ ҷиҳати ба даст овардани захираҳои иловагӣ омили боздорандаи назаррас мебошад, ки метавонад фаъолиятҳоро барои беҳтар кардани ҳосилнокии чарогоҳ ва механизмҳои назорати подаи чорвои гузаранда дастгирӣ кунад. Набудани возеҳӣ дар бораи он ки кадом мақоми ҳукуматӣ барои баррасии арзу шикоятҳо дар бораи зарари расонидашуда аз ҷониби подаҳои чорвои гузаранда ба чарогоҳҳои ҷамъиятӣ ё заминҳои шахсӣ масъул мебошад, вазъиятро боз ҳам душвортар месозад. Комиссияҳои пешбинишудаи чарогоҳҳо дар сатҳи ноҳия эҳтимолан масъалаҳои мазкурро ҳал хоҳанд кард, бо дарназардошти он ки танзими истифода аз чарогоҳҳо, ҳалли баҳсҳо, назорати чарогоҳҳо ва таҳияи нақшаҳои солона ва миёнамуддати чарогоҳҳо бар дӯши онҳо вогузор карда хоҳанд шуд. Бо вуҷуди ин, сиёсати соҳавии ғайрисамарабахш ба ташкили комиссияҳои чарогоҳҳо монеъ шуд. Ҳамчун роҳиҳалли муваққатӣ, масъалаи он ки оё маъмуриятҳои сатҳи ноҳиявӣ якҷо бо шуъбаҳои минтақавии фонди миллии боварӣ вобаста ба чарогоҳ метавонанд ҳамчун ми-
« Беҳтар кардани дастрасӣ ба захираҳои хӯроки чорво бо имконоти зарурии захирасозӣ ва оғилҳои чорво яке аз роҳҳои эҳтимолии паст кардани фишори мазкур мебошад. »
ёнаравҳо амал кунанд, боз боқӣ мемонад. Баъзе ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳи Хатлон бар ин назаранд, ки бисёр подаҳои чорвои гузаранда ба аъзои бонуфузи ҷомеа тааллуқ доранд ва одилона будани дар-
хостҳо, арзёбиҳои зарар ва ҷаримаҳоро зери шубҳа мегузоранд. Ҳамзамон, ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ бояд чӣ гуна идора кардани чорвоҳоро аз ҷонибии ҷомеаҳо дар сатҳи маҳаллӣ тағйир диҳанд.
Ҳамоҳангсозии ҳавзаи обҷамъшавӣ ё ҳавзаи дарё? Ҳавзаҳои обҷамъшавӣ – қитъаҳои замине мебошанд, ки дар он ҳамаи об ба як ҷараён, дарё ё обанбори калонтар монанди кӯл ё уқёнус ҷорӣ мешавад. Онҳо воҳидҳои муассири идоракунии захираҳои об барои истифодаи чандкарата мебошанд, махсусан бо дарназардошти он ки ҳавзаҳои обҷамъшавии солим ҷомеаҳоро бо оби тозаи ошомиданӣ, воситаҳои рӯзгузаронии кишоварзӣ (обёрӣ ва об барои чорво) ва дастгирии маҳалли сукунат барои гуногунии биологӣ таъмин мекунанд. Як қатор лоиҳаҳое, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалии рушд дар Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ба ҳавзаҳои обҷамъшавӣ бо дарназардошти паст кардани хавфи офатҳои табиӣ равона карда шудаанд. Ин лоиҳаҳо дорои мулоҳизаҳҳои танзимшуда аз нигоҳи ҳифзи муҳити зист мебошанд ва диққати асосӣ ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз тариқи воситаҳои рӯзгузаронии устувор дар минтақаҳои деҳот равона шудааст. Ҳаракати мувозии (параллелии) ҳамоҳангшуда ба самти идоракунии ҳавзаи дарё ба рушд ва институтсионализатсияи мақомоти ҳамоҳанкунанда дар ҳар кадом аз панҷ ҳавзаи дарёи муайяншуда дар Тоҷикистон равона карда шудааст. Рӯйкарди ҳавзаи обҷамъшавӣ бо ислоҳоти ҷории соҳаи
кишоварзӣ робитаи возеҳ дорад, вале ҳеҷ робитаи мушаххасе бо он надорад. Рӯйкарди ҳавзаи дарё бо раванди ислоҳоти соҳаи об мувофиқат мекунад, ки он аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об таҳти парчами идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои об дастгирӣ карда мешавад. Иштироккунандагони ҳар ду раванд деградатсияи (таназзули) чарогоҳро ҳамчун мушкили ҷиддӣ эътироф менамоянд, ки иқдомоти таъҷилиро тақозо мекунад. Баъзеҳо изҳор намудаанд, ки ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ бояд ба механизми ҳамоҳангсозии созмонҳои ҳавзаи дарё гузаранд, ки панҷтои онҳо дар марҳилаи таҳия қарор доранд. Дигарон тасдиқ намудаанд, ки шумораи ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ 450 ададро ташкил медиҳад ва ҳисоб кардан ҳамоҳангсозии самарабахши идоракунии истифодабарии чарогоҳҳоро дар сатҳи ҳавзаи дарё душвор месозад. Равшан аст, ки ҳамоҳангсозӣ дар байни равандҳои ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва об тақрибан вуҷуд надорад. Ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии самарабахши чарогоҳҳо дар сатҳи ландшафт дар куҷо қарор дода шавад – масъалае мебошад, ки аз ҳамоҳангсозии самарабахш дар сатҳи соҳа ва аз ташаббусҳои донороне вобаста аст, ки онҳо ислоҳотро дар соҳаҳои об ва кишоварзӣ дастгирӣ мекунанд.
« …ҳавзаҳои обҷамъшавии солим ҷомеаҳоро бо оби тозаи ошомиданӣ, воситаҳои рӯзгузаронии кишоварзӣ (обёрӣ ва об барои чорво) ва дастгирии маҳалли сукунат барои гуногунии биологӣ таъмин мекунанд. »
Тавсияҳо
1
Иловаҳои ба таври возеҳ баёншуда дар Қонуни соли 2019 “Дар бораи чарогоҳ”
Ҷанбаи муҳими Қонуни соли 2019 “Дар бораи чарогоҳ” моддаи 3 ва зикри возеҳ дар бораи комиссияи давлатӣ (илова ба Фонди боварии феълӣ вобаста ба чарогоҳ) мебошад, ки дорои ваколат ҷиҳати муайян кардани сарҳади чарогоҳ ва ҳалли баҳсҳо байни ноҳияҳо ва вилоятҳо оид ба истифодабарии мавсимии чарогоҳ мебошад. Бо дарназардошти нигаронии давомдор ҷиҳати ба таври самарабахш идора карда натавонистани подаҳои гузаранда, мақоми мазкур барои ҳалли масъалаҳои баҳсбарангези чорводорӣ дар сатҳи миллӣ заминаи қонунӣ фароҳам меорад. Ҳамзамон, таъсиси комиссияҳои чарогоҳ дар сатҳи ноҳия (моддаи 20) барои дастгирии танзими ҳалли баҳсҳо оид ба истифодабарии чарогоҳ дар сатҳҳои поёнӣ (ноҳия ва деҳа) зарур аст. Комиссияҳои сатҳи ноҳиявӣ роҳиҳалли бештар воқеиро барои ҳалли масъа-
лаҳои дастрасии қонунӣ ба чарогоҳ, арзёбии зарар ва барқароркунӣ (ҷаримаҳо) пешниҳод мекунанд. Иловаҳо ба қонуни амалкунанда, ки аз нуқтаи назари равандҳои татбиқ, тақсимоти буҷет ба таври возеҳ баён шудаанд ва ҳамчунин аз ҷониби парламент ба тасвиб расидааст, дорои афзалияти фаврӣ мебошад ва эҳтимол дар пешбурди раванди ташкили комиссияҳои чарогоҳҳои сатҳи ноҳиявӣ, тавре ки дар Қонуни соли 2013 пешбинӣ шудааст, аҳамияти зиёд хоҳад дошт. Равандҳои ба таври возеҳ муайяншуда ва шаффоф барои истифода аз пардохтҳои чарогоҳ, ки аз ҷониби ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ ба як гектар пардохт карда мешаванд ва дар қонун барои сармоягузорӣ дар инфрасохтори чарогоҳ пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин муҳим мебошанд.
2
Рушди маҳоратҳои интиқолшаванда ҷиҳати таъмини доимии таҷрибаи техникии боэътимод ва қобили дарк барои ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ дар сатҳҳои ноҳия ва ҷамоат
Комиссияҳои чарогоҳ, ки дар онҳо кормандони ҳукуматӣ аз шуъбаҳои гуногуни маъмурияти ноҳия кор мекунанд, ба гумон ба муассисаҳои муассир табдил мешаванд. Аз нуқтаи назари техникӣ, комиссияи самарабахш талаб менамояд, ки кормандон дорои маҳоратҳо ҷиҳати санҷиши нақшаҳои бисёрсолаи идоракунии чарогоҳҳо, ки аз ҷониби ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ таҳия шудаанд, мониторинги мунтазами чарогоҳҳо ва гузоришдиҳии доимӣ бошанд. Бо дарназардошти қатъи мушоҳидашавандаи дастгирии мустақими ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ, ин зарурати фаврӣ мебошад. Таҷриба дар ноҳияи Муъминобод нишон дод, ки дар аксарияти ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ, тавоноиҳо барои таҷдиди нақшаҳои идоракунии чарогоҳ, махсусан барои ҳисобҳои техникӣ монанди зарфияти пеш бурдани кор маҳдуд боқӣ мемонанд. Эҳтимол, маҳдудияти мазкур дар ҳамаи ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Масъалаи он ки оё ин вазифаҳои техникӣ дар сатҳи ноҳия аз ҳисоби пардохтҳо барои истифодабарии чарогоҳ, ки ба ҳукумат пардохт карда мешаванд, маблағгузорӣ карда мешаванд ё не, масъалаи боз боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ин, он чизе, ки маълум мебошад, он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба рушди маҳоратҳои техникии интиқолшаванда дар бахши давлатӣ, бар хилофи (ё илова бар) таъмини мустақими дастгирии техникии созмонҳои сатҳи маҳал диққати бештар диҳад. Аммо, ин танҳо ҳамон вақт самарабахш хоҳад буд, ки агар ҳукумат масъулияти равандро тавассути таъйини вазифаҳои пешниҳодшуда дар комиссияҳои пешбинишудаи чарогоҳ бар дӯши худ гирад.
3
робитаи ҷудонашаванда байни нобудшавии ҷангал, деградатсияи (таназзули) чарогоҳҳои кӯҳӣ ва пойдории хатарҳои табиӣ муҳим аст. Дастгирии Агентии хоҷагии ҷангал дар беҳтар кардани гуногунии биологӣ тавассути ҷорӣ намудани буттаҳо ва зироатҳои чуқуррешаи ғизоӣ дар чарогоҳҳои кӯҳӣ муфид хоҳад буд.
4
Муҳокима ва изҳороти бештар дар бораи шоистагии созмонҳои ҳавзаи дарёҳо, ки фаъолиятҳоро дар ҳавзаҳои обҷамъшавӣ ҳамоҳанг месозанд, зеро онҳо бо идоракунии истифодабарии чарогоҳҳо ва андозаи васеътари паст кардани сатҳи хавфи офатҳо робита доранд
Қонуни амалкунанда дар бораи чарогоҳҳо назорат ва ҳамоҳангиро ба дӯши Вазорати кишоварзӣ, аз ҷумла дар мавриди таъсиси Фонди миллии боварӣ вобаста ба чарогоҳ ва робитаҳоро бо муассисаҳои сатҳи ноҳия ва деҳот мегузорад. Мудохилаҳои давомдор оид ба ислоҳоти соҳаи об зарурати ба ҳам пайваст намудани истифодабарии чарогоҳҳо ва фаъолиятҳои истеҳсоли маҳсулоти чорводориро дар доираи раванди идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об муайян намудаанд. Эҳтимол, ҳеҷ гуна ҳамоҳангсозӣ байни Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати энергетика ва захираҳои об дар ислоҳоти соҳаҳои таҳти салоҳияти онҳо вуҷуд надорад. Ҳамчунин, муҳим аст, ки идораҳои байналмилалӣ ва бисёрҷониба бо эътирофи зарурати ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, рӯйкарди соҳавиро барои робитаи мутақобил идома диҳанд. Бо дарназардошти хусусиятҳои маблағгузорӣ ва ҳамчунин душвориҳо дар кор бо вазоратҳои сершумор, ҳукумат бояд ҳамкории байнисоҳавиро дар байни вазоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва бисёрҷониба тақвият бахшад. Масъала чунин нест ва аз ин рӯ, ба назар мерасад, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд барои муҳокимаи роҳҳои воқеии тақвияти ҳамкории дилхоҳ дар чорчӯби равандҳои ҷории ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва об ҷойи муносиб аст. Оё ин кор сурат хоҳад гирифт ё не, аз иродаи ҷомеаи донорҳо барои водор намудан ҷиҳати андешидани чораҳои фаврӣ дар соҳае вобаста мебошад, ки дар маҷмӯъ ҳамчун масъалаи мавриди таваҷҷуҳи фаврӣ эътироф шудааст. Манбаъ:
Ворид намудани Агентии хоҷагии ҷангал дар раванди феълии танзими истифодабарии ҷангал ва ташаббусҳо барои пешгирии деградатсияи ҷарогоҳҳои кӯҳӣ
Бо бештар аз 400 000 гектар чарогоҳ, ки таҳти идоракунии Агентии хоҷагии ҷангал қарор дорад, тааҷҷубовар аст, ки агентии миллӣ ба раванди танзими истифодабарии чарогоҳ шомил карда нашудааст. Ҳамчунин,
Roberth, I. S. 2015: Decentralization or Manipulation? An Analysis of Change within Pasture Management Institutions in Tajikistan, Lund University, Master of Science in International Development and Management.
UNDP-UNEP 2012: The economics of land degradation for the agriculture sector in Tajikistan – A scoping study, Prepared by: UNDP–UNEP Poverty Environment Initiative in Tajikistan, available at: www.unpei.org.
Wilkes, A. 2014: Institutional analysis on pasture management in Tajikistan, GIZ, Unique Forestry and land use GmbH.
Дар бораи муаллифҳо Арабела Филипона, маъмури Каритас Швейтсария дар Душанбе
лоиҳаи
Шинан Н. Кассам, Директори кишварии Каритас Швейтсария дар Душанбе
Афзалшо Насибов, маъмури лоиҳа – Паст
кардани хавфи офатҳои экологӣ (ECO DRR) барои Каритас Швейтсария дар Душанбе
Фазила
Бекназарова, ёвари бахши пажӯҳишии Каритас Швейтсария дар Душанбе
Саъдӣ Одинашоев, менеҷери лоиҳа – Идоракунии ҳамгироишудаи ҳавзаи обҷамъшавӣ барои Каритас Швейтсария дар Муъминобод
Изҳори сипос Каритас Швейтсария ба созмонҳои GIZ, АКТЕД, Ланделл Миллс (Landell Mills), ФАО ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) барои баррасиҳои хирадмандона оид ба ояндаи платформаи миллии идоракунии чарогоҳ изҳори сипос менамояд. Як қатор сабақҳои омӯхташуда аз баррасиҳои мазкур дар ин тавсифи мухтасари сиёсати соҳавӣ инъикос шудаанд. Созмон ҳамчунин аз ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳи ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин барои иштироки фаъол ва муҳокимаи онҳо сипосгузор аст. Ҳамаи фикру далелҳои дар инҷо овардашуда назароти истисноии танҳо Каритас Швейтсария (CaCH) мебошанд ва метавонанд ё наметавонанд нуқтаи назари расмӣ ва сиёсатҳои созмонҳои мазкур ё шарикони институтсионалии Каритас Швейтсарияро (Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ; Шоҳигарии Лихтенштейн (Principality of Liechtenstein); Леополд Бачманн Стифтунг (Leopold Bachmann Stiftung)) инъикос намоянд.
Тарҳрезӣ ва тарҳ аз тарафи Zoï Environment Network / Carolyne Daniel 2020 Ҳама аксҳои суратгирифта ® Каритас Швейтсария
Leopold Bachmann Stiftung