Skip to main content

Disaster Risk Reduction in Tajikistan: Reducing vulnerability and exposure - Tajik

Page 1

Коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон Имкониятҳо барои устувории фаъолиятҳо ҷиҳати коҳиш додани осебпазирӣ ва хатар Тавсифи мухтасар: TJ19-01 Ноябри соли 2019


« Дар як қатор ҳавзаҳои

обҷамъшав ва дарёҳо се омили асосӣ – буриши ҷангалҳо, истифодаи ноустуоври замин ва аз меъёр зиёд чаронидани чорво сабаби пайдоиш ва хатарҳои ҷиддии офатҳои таббии мусоидат мекунанд. »

Сарсухан Новобаста аз он, ки бо мақсади коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ (КХОТ) маблағҳои зиёд равона гардида истодаанд, ҷамоатҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин низоми фаъолияти сохторҳое, ки барои дастгирии некӯаҳволии мардум равона гардидаанд, ҳамчун ҷонибҳои осебпазир дар баробари хатари аз даст додани ҳаёт ва молу мулк, боқӣ мемонанд. Эҳтимол меравад, ки дар сурати наандешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати ба эътидол овардани ландшафтҳои (мавзеъҳо) нозуки вуҷуддошта вазъият рӯз то рӯз бадтар мегардад. Дар ҳавзаҳои обҷамъшав ва ҳавзаи дарёҳо се омили асосие, ки барои ба вуҷуд омадан ва пуршиддат гардондани офатҳои табиӣ, ба монанди ярч, сел ва обхезиҳо мусоидат мекунанд, вуҷуд дорад: � Аз байн бурдани ҷангалҳо бо сабаби кам будани қувваи барқ ва гази табиӣ бо мақсади омода намудани хӯрок ва гарм кардани хона

� Амалияи ноустувори идоракунӣ ва истифодаи замин дар низоми истеҳсолоти кишоварзӣ � Чаронидани густурдаи чорво дар чарогоҳҳое, ки дар ҳолати аз байн рафтан қарор доранд бо мақсади ҷуброн намудани камбудии хӯроки чорво дар мавсими зимистон.

Дар стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 марҳилаи нав дар самти баланд бардоштани иқтидор ва зарфияти миллӣ ҷиҳати идора намудани хатари офатҳои табиӣ ба таври дуруст ҷараён дорад, аммо камбудии ҷиддӣ ин надодани имконияти ба ҳам пайвастан ва алоқаманд накардани иқдоми идоракунии манбаъҳои табиӣ ва низоми устувори некўаҳволии мардуми деҳот дар баробари коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад. Усулҳое, ки дар доираи алоқамандии муштараки экосистемаи солим ва хатари офатҳо эҷод гардидааст, ки ҳамчун усули ЭКО-КХОТ шинохта мешавад, осебпазирии деҳот ва дар маърази хатар қарор гирифтани онҳоро маҳдуд мегардонад. Таҷрибае, ки дар натиҷаи фаъолият дар ноҳияҳои шарқии вилояти Хатлон дар самти ЭКО-КХОТ ва идоракунии ҳамгироишудаи ҳавзаҳои обҷамъшав ба даст омад, нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба натиҷаҳои назарраси КХОТ бо роҳи тавозун хисороти эҳтимолиро ба соҳаи кишоварзӣ дар доираи стратегияи миллӣ ноил гардонад. Аз рўи ҳисоботҳо, 75% аҳолии Тоҷикистон дар баъзе корҳои кишоварзӣ машғул ҳастанд ва чунин муносибат метавонад бартариҳои зиёдеро ба вуҷуд орад. Коҳиши хатари офатҳои табиӣ ба як қатор бахшҳо ва муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва муносибати наздики байни сохторҳои ҳукуматӣ бо дастгирии муносибати тасдиқшудаи усули ЭКО-КХОТ, метавонад ба коҳиш додани пайомадҳо ва таъсири офатҳои табиӣ кумак расонад.


Муқадимма

Воқеияти имруза

Раёсати генералии Комиссияи Аврупо оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ (ДИПЕКО) ба лоиҳаҳои сершуморе, ки ба аҳолӣ ва ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ дар омодагӣ ва коҳиши оқибатҳои офатҳои табиӣ кӯмак кардаанд, наздик ба 50 миллион евро сармоягузорӣ кардааст. Дастовардҳои назарраси барнома ин рушди таҷрибаи кормандони давлатӣ, инчунин шаҳрвандон ва муайян кардани усулу равишҳои дахлдору алоқаманд ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад. Бо вуҷуде он, ки мушкилот дар ҳамоҳангсозии самараноки дарсҳои азбаршуда тавассути иштироки созмонҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар саросари кишвар вуҷуд доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамгироии коҳиши офатҳои табиӣ дар доираи сиёсати миллӣ, буҷаи давлатӣ ва қонунгузорӣ кор карда истодааст. Бо вуҷуди ин, таваҷҷуҳи асосӣ ба омодагӣ ва низоми огоҳнамоии саривақтӣ зоҳир шуда, маблағ ва сармоягузориҳои асосӣ барои амалӣ гардидани чораҳои сохторӣ баҳри коҳиш додани осебпазирӣ дар баробари талафоти ҷонӣ ва молу мулк равона карда шуда истодааст. Акнун вақти санҷиши ҳамаҷонибат алоқаи байни хатари ҳозира ва усулҳои афзалиятноки идоракунии кишоварзи ва захираҳои табиӣ дар ҳавзаҳои обҷамъшав ва ҳавзаи дарёҳо фаро расидааст.

Хушксолӣ ва тағйирёбии боришот дастрасии мардумро ба оби ошомиданӣ ва оби ирригатсионӣ (полезӣ) маҳдуд мегардонад ва ба саломатию парвариши чорво таъсири манфии худро мерасонад, ки ҳамзамон бехатарии озуқавориро дар деҳот аз байн мебарад. Паст гардидани ҳосилнокии замин ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои камҳосил ва минтақаҳои қаблан ҷангалзор оварда расонд, ки он заминҳо асосан дар ҳавзаҳои обҷамъшав мавҷуд ҳастанд. Камшавии шумораи дарахтон ва таҷрибаҳои дар сатҳи маҳдуд (аз нигоҳи экологӣ) дар самти идоракунии устувори истифодаи замин хавфи офатҳои табииро, ба монанди ярч, обхезӣ ва сел зиёд карда истодааст. Тамаркузи бештар ба стратегияҳои КХОТ, ки ба кам кардани талафоти молу мулк ва ҳаёти инсон дахли доранд, табиӣ ва кафолатдор мебошад. Аммо вазъи кунунӣ водор месозад, ки ба таъсири офатҳои табиӣ ба воситаи низоми беҳтар сохтани вазъи кишоварзӣ, диққати ҷиддӣ дода шавад ва дар баробари ин, муҳим аст, ки чигуна ин низомҳои воситаҳои зиндагӣ бо осебпазирӣ ба офатҳои табиӣ алоқаманд мебошанд. Беҳтар намудани устувории низоми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди ҳавзаҳои обҷамъшав ва ҳавзаҳои дарёҳои пурра ташаккулнаёфта бояд яке аз самтҳои асосии КХОТ дар Тоҷикистон гардад. Тағйирёбии шакли идоракунии замин ва захираҳои табиӣ дар омехта намудани зироатҳо ниёз ба навоварӣ дорад, яъне намудҳои бештар ба хушкӣ тобовар ва тиррешадор, инчунин навъҳои лӯбиёгиҳое, ки барои хӯрок, алаф ва буттаҳо барои беҳтар кардани дастгирии ғизои инсон, ҳайвонот, инчунин шароити зиндагӣ равона гардидаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, идоракунии ноустувори истифодаи замин, об ва аз байн бурдани ҷангалҳо, осебпазирии мардуми деҳотро дар баробари хатари селҳои баҳорӣ, ки дар натиҷаи боронҳои шиддатнок ва обшавии барф ба амал меоянд, афзоиш дод. Ин манзара ва ин вазъият зарурати ба даст овардани таҷрибаҳои беҳтарро дар самти идоракунии дурусти истифодабарии замин дар доираи андешидани чораҳои муассир бо назардошти обу ҳавои феълӣ ва тағйирёбии иқлим пеш овард. Ин усул барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бамаврид мебошад, зеро 65%-и аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Илова бар ин, мувофиқи маълумоти оморӣ, даромади қариб 75%-и аҳолӣ аз соҳаи кишоварзӣ сарчашма мегирад. Муҳити истеҳсолӣ, ки дар он ба даромади мунтазам, дастрасӣ ба ғизо ва ҳезум вуҷуд дорад, номунтазам мебошад ва ҳарчанд, ва дар ҳоле, ки равобит байни истеҳсолоти кишоварзӣ ва КХОТ дар ҳаёти рузмарра аёнанд онҳо дар сиёсат соҳавӣ ва стратегияиҳо ба таври назаррас вуҷуд надоранд.

Наваду як фоизи (Теъдоди умумӣ=624) иштирокчиёни пурсиш, ки дар ноҳияи Муъминобод зиндагӣ мекунанд, иброз намуданд, ки онҳо аз зиёд гардидани фаъолиятҳои дарахтшинонӣ дар ҳудуди амалишавии лоиҳа дар панҷ соли охир огоҳ ҳастанд. Аксарият, яъне 76%-и посухдиҳандагон фоидаи зиёдтарро нисбат ба гандум аз дарахтони мевадиҳанда мебинанд. Коҳиши хатари офатҳои табииро низ ҳарчанд ин он қадар ҳам чамшрас набошад дар шинонидани дарахтон мебинанд. Моҳияти экологии шинонидани дарахтон барои ҳамагон маълум ва фаҳмо нест. Чӣ гуна метавон ба таври муассир ҳавасмандиҳои иқтисодии шахсиро бо натиҷаҳои дилхоҳи экологӣ алоқаманд намуда, онро як бахши муҳим дар рушди усули ЭКО-КХОТ (коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо истифода аз шинонидани дарахтон) арзёбӣ кард.

Дар даҳсолаи охир, шуъбаи Каритас Швейтсария дар Тоҷикистон (CACH) ҳамчун шарики стратегӣ бо дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) ва раёсати генералии Комиссияи Аврупо оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ (ДИПЕКО) баҳри эҷод, санҷиш, мутобиқнамоӣ ва коркарди усулҳои нав бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҳамкории муштаракро барқарор намудааст. Ин усулҳо барои амалӣ гардидан дар хориҷ аз қаламрави ноҳияҳои шарқии вилояти Хатлон омода мебошанд, ки онҳо метавонанд даромади устувор ва амнияти озуқавориро дар ҷамоатҳои деҳот бо назардошти афзалият додан ба хизматҳои самарабахши экологӣ, ки ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ мусоидат мекунанд, таъмин намоянд. Таваҷҷуҳи асосӣ ҷиҳати омодагии деҳот дар вокуниши муассир ба офатҳои табиӣ ин пиёда сохтани фаъолиятҳои марбут ба муътадил сохтани ҳавзаҳои обҷамъшави осебпазир ба офатҳои табиӣ тавассути ташкили кишт ва бунёди (плантатсия) гуногунҳадаф, ки бо истифода аз зироатҳои аз ҷиҳати экологӣ ва иқтисодӣ муфид бунёд гардидаанд, ба шумор меравад. Бо назардошти он, ки боғҳо дар муддати 5-6 сол пурра ба камол расида, ба ҳосилдиҳӣ шурӯъ мекунанд, зироатҳои алоқаманду мувофиқро (аз қабили алаф ва сабзавот) дар байни қаторҳо кишт карда, фоидаи назарраси маводи ғизоӣ бо мақсади беҳбуди вазъияти зиндагии мардуми деҳот ба даст хоҳад омад. Дар чаҳорчубаи дорои афзалиятҳои баробар ба эҳтиёҷоти иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ системаи устувори агроҷангал кушиш мекунад ки системаи некуаҳволии деҳотро беҳтар кунад. Андешидани чораҳои беҳбуди вазъи бехатарии озуқа ва чорво, саҳм гузоштан дар муътадил гардонидани минтақаҳои хатарнокро дошта, ҳамзамон фишорро аз ҷангалҳо ва чарогоҳҳои гирду атроф бо роҳи ҷамъоварии ҳезум ва хўроки чорво кам менамоянд.


« Якҷоякунии сиёсати

танзимкунанда ва ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ба шинонидани дарахтон дар мавзеъҳои моил ба хатарҳои офатҳои табии мусоидат намуда, ба манфиатҳои дуҷониба барои муҳити зист ва воситаҳои устувори зиндагӣ саҳм мегузорад. »

Байни хатари офатҳои табиӣ ва амнияти озуқоворӣ дар ҷамоаҳои дурдасти деҳот робитаи возеҳ вуҷуд дорад. Пурсиши муштараки 624

хонавода, ки аз тарафи

Каритас Швейтсария ва Ташкилоти Оксфам БК гузаронида шуд, муайян намуд, ки 34%-и хонаводаҳои дар пурсиш иштирокнамуда қариб нисфи талаботи солонаи ғизои худро дар замини шахсӣ истеҳсол мекунанд, боқимонда 42%-и дигар қайд намуданд, ки якчанд фоизи (аз се як ҳисса) заруратҳои дигари оилавӣ аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин карда мешавад. Ҳангоми пешниҳоди руйхати изҳорот ва пурсидани онҳо ки дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои ярч ва омадани сел ва зарари ҷиддӣ расонидани онҳо ба хонаводаҳои шумо кадомҳо мувофиқанд, 35% ҷавоб доданд, ки бо норасоии ғизо рӯ ба рӯ хоҳанд гашт ва пасандози онҳо метавонад танҳо ба як мавсим кифоя намояд, 31%-и посухдиҳандагон дар ин ақидаанд, ки хонаводаҳои худро бо маводи ғизоӣ таъмини карда наметавонанд, аммо онҳо боварӣ доранд, ки ҳукумат ба онҳо кумак хоҳад кард, 19%-и иштирокчиёни пурсиш боварӣ доранд, ки таъсири камбуди ғизо ба хонаводаҳои онҳо кам нахоҳад буд, 11%-и дигар изҳор намуданд, ки дар сурати сар задани офати табиӣ ба дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ дар таъмини ғизо умед хоҳанд баст. Ҳарчанд натиҷаҳои пурсиш ба ноҳияи Муъминобод тааллуқ дорад, якрангии вазъият дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонии кишвар дарак медиҳад, ки низоми осебпазирии соҳаи кишоварзӣ ниёз ба тавваҷуҳ дорад ва таҳдидҳо, дар умум, ба офатҳои табиӣ вобастагӣ доранд. Каритас Швейтсария қайд менамояд, ки омилҳои ҳавасмандгардонии аввалиндараҷа барои хонаводаҳое, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд ин маблағгузорӣ дар кишту кори бисёрсоҳа, ба истиснои дастгирии гирифташуда, имкониятҳои маҳдуди бо кор таъмин шудан дар деҳот ва манъи шинондани дарахтон дар заминҳои корами кишоварзӣ мебошанд. Чунин омезиши сиёсату қонунгузорӣ ва омилҳои иқтисодӣ заминаи шинонда-

ни дарахтонро дар заминҳои камҳосил ва заиф, ки дар баробари офатҳои табиӣ осебпазиранд, бо назардошти манфиатҳои экологӣ, манфиати ҷамъиятӣ ва фоидаҳои хусусӣ онҳоро дар шакли даромади зиёдтар якҷо менамояд, тақвият медиҳанд. Чунин усул ба таври комил дар баррасии баҳсҳои сиёсӣ дар бахшҳое, ки ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ алоқаманд мебошанд, қобили қабул аст.


Тавсияҳо

1

Дастгирӣ намудани раванди милликунонии навъҳои тухмӣ ё истифодаи васеи навъи зироатҳои решаҳои амиқдошта ва ба хушкӣ тобовари ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо ва лӯбиёгиҳои буттагӣ тавассути хизматрасониҳои машваратӣ дар деҳот.

Қариб нисфи зиёди иштирокчиёни пурсиши соли 2018 дар ноҳияҳои Айнӣ, Ховалинг, Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳин қайд намуданд, ки дар муддати се соли охир онҳо тухмии навъҳои гуногунро истифода бурдаанд, аммо натиҷа нишон медиҳад, ки деҳқонзанҳо нисбат ба деҳқонмардҳо камтар бо навъҳои нави тухмиҳо шинос гардидаанд. Интихоби тухмиҳо аз чӣ гуна тақвият намудани онҳо аз тарафи мутахассисон вобастагии зиёд дорад. Тухмиҳои навъҳое, ки ҳосили хуб медиҳанд, 75%-и иштирокчиёни пурсишро ба худ ҷалб менамояд, тухмии навъи ба хушкӣ тобовар 42% ва навъи ба касалиҳо тобоварро 26% ро ба худ ҷалб менамоянд. Деҳқонон, ҳам мардон ва ҳам занон, иброз намуданд, ки иваз намудани навъи тухмӣ аз тағйирёбии обу ҳаво дар деҳоти онҳо низ асос мегирад. Муҳокимаҳо бо гурӯҳи мардум нишон дод, ки саломатии чорвои хонагӣ ва фарсудашавии заминҳо аз чаронидани чорво дар минтақаҳои камҳосили дар ҳолати таназзул қарордошта асос гирифта, он низ ба омехта намудани зироатҳо таъсир мерасонад. Новобаста аз талошу кӯшишҳои ташкилотҳои маҳаллӣ ва байналхалқӣ, деҳқонон истифодаи мунтазам ва васеътари донагиҳоро ҳамчун киштгардон ва ё истифода набурдани техника (молиш) ё тамоман кам истифода бурдани онро ба роҳ намондаанд. Дар аксари деҳот ҳадафи асосӣ дар истеҳсоли маҳсулот ва хӯроки чорворо ба инобат гирифта, моҳияти вобастагии истеҳсолоти кишоварзӣ ва хатари офатҳои табииро дарк намудаанд, аммо бидуни кумак ва дастгирии беруна наметавон ба низоме, ки тавонад моҳиятҳои иқтисодиро дар баробари моҳиятҳои экологӣ гузорад, равона созад. Дар ин замина бояд хизматрасонии машваратчиёни давлатию шахсиро дар самти беҳтар намудани ҷалби занон ҷиҳати паҳн намудани технологияҳои мавҷуда (таҷрибаҳо оид ба идоракунии истифодаи замин ва тухмӣ) баҳри тақвият ва дастгирии фаъолиятҳои устувори кишоварзӣ ва ҳамзамон коҳиш додани офатҳои табиӣ ҷоннок намуд.

2

Тақвияти корҳо дар мавриди паҳн намудани фаъолиятҳо оид ба бунёди гуногунҷабҳа дар ҳавзаҳои обҷамъшави таназзулёфта ва афзоиш додани ниҳолхонаҳои маҳаллӣ баҳри истеҳсоли ниҳоли босифат.

Масъалаи ба даст овардани фоида аз бунёди боғҳо дар тамоми деҳот хуб дарк карда шудааст, аммо тухмиҳои бесифат ва нархи гарони онҳо, дастрасӣ надоштан ба оби полезӣ дар вақтҳои зарурӣ ва чаронидани беназорати чорво то ҳанӯз мушкилоти асосӣ боқӣ мемонад. Таъмин намудани истифодабарандагони замин бо ниҳоли ройгон дар доираи лоиҳаҳо майдони бунёди боғҳоро зиёд намуданд, аммо далелҳо нишон медиҳанд, ки бе таъмини устувори дастрасӣ ба ниҳоли босифат дар ниҳолхонаҳои маҳалии шахсӣ ва давлатӣ зиёдшавии онҳоро маҳдуд месозад. Дастгирии техникӣ ва инчунин гузаронидани омӯзишҳо дар мавриди истеҳсол ва нигоҳубини навъҳои мавҷуда ва нав метавонад ба барқароршавии ҳавзаҳои обҷамъшави таназзулгардида, ки манфиатҳои хусусӣ ва ҷамъиятиро бо истифода аз имкониятҳои гуногуни даромад дар шакли афзоиш додани амнияти озуқаворӣ ва ғизоӣ ба вуҷуд меорад, мусоидат намояд.

3

Пурзӯргадонӣ ва тағйири доираи муносибат ва робитаҳои ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, вазоратҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ ва низоми марказҳои таҳқиқотии кишоварзии байналмилалӣ.

Такмили мутобиқати шаклҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз заминҳои лалмӣ ва заминҳои обӣ ва инчунин, мувофиқи имконият, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо назардошти моҳияти экологидошта зарурати шинос ва истифодаи навъҳои ба хушкӣ тобовар ва серҳосилдиҳандаро ба миён меорад. Ба ин мақсад, айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд навъи тухмиро санҷида истодааст, аммо ин равандҳо аз қайди сохторҳои давлатӣ ва ё бештари ин тухмиҳо аз санҷиши истифодаи бузург нагузашаанд. Дар доираи фишор ба буҷаи давлатӣ ва бо роҳи тақвияти ҳамкории пайваста бо деҳот тавассути барномаҳо, созмонҳои байналмилалӣ метавон барои эҷоди шарикӣ байни марказҳои таҳқиқотии байналмилалӣ ва ҳукумат ҷиҳати табодули натиҷаҳои таҳқиқот дар амал ва натиҷаҳои рушди онҳо ба кишоварзон мусоидат кард. Барои ноил шудан ба устуворӣ тағйирот дар тафаккур ва стратегияҳо дар ҳама сатҳҳо зарур аст. Дурнамаҳои миллӣ ва сиёсатҳое, ки алоқамандии ҷудонопазири байни раванди паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва системаҳои аз ҷиҳати экологӣ муҳим ва системаҳои даромадноки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро таъмин менамоянд, бояд захираҳои кофии пулӣ ва нақшаҳои миллиро барои дастгирии ҳар гуна тағийрот ба назар гиранд. Сиёсатмадорон ин равишро як масъалаи сиёсати иқтисодӣ медонанд. Аммо воқеияти вуҷуддошта таваҷҷуҳи таъҷилиро талаб мекунад.


Муаллифон Шиннан Н.Кассам Директори Шӯъбаи Каритас Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, макони ҷои кор ш.Душанбе, (Ҷумҳурии Тоҷикистон) Яна Ҷангҳарт Мушовири калони ташкилоти Каритас Швейтсария оид ба Коҳиши хатари офатҳои табиӣ, макони ҷои кор ш.Люцерн (Швейтсария) Арабела Филипона Афсари барномаҳои ташкилоити Каритас Швейтсария, макони ҷои кор ш.Душанбе, (Ҷумҳурии Тоҷикистон) Фазила Бекназарова Ёрдамчӣ оид ба корҳои таҳқиқотӣ

дар ташкилоти Каритас Швейтсария, макони ҷои кор ш.Душанбе, (Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Мартина Вебер Директори барномаҳои ташкилоти Шӯъ-

баи Каритас Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, макони ҷои кор ш.Люцерн (Швейтсария)

Сипосгузорӣ Ин дастур дар асоси далелҳое, ки дар доираи амалияҳои дастгиригардидаи дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, ташаббусҳои ДИПЕКО-и Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Миёна, шоҳигарии Лихтенштейн ва фонди Леополд Баҳман ҷамъоварӣ гардидаанд, омода шудааст. Ҳамаи фикру мулоҳизаҳои дар ин дастур омада танҳо назари Каритас Швейтсария буда, метавонад нуқтаи назари расмӣ ва сиёсати ниҳодҳои ҳамтои моро ифода кунанд ё рад намоянд. Каритас Швейтсария ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиа гражданӣ ва Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати дастгирии пайваста, ки дар доираи ҳамкориҳои мукаммал ва инчунин ҳамкории самарабахш дар иҷрои барномаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос меёбад, миннатдории худро баён менамояд.

Тарҳрезӣ ва тарҳ аз тарафи Zoï Environment Network / Carolyne Daniel 2020 Ҳама аксҳои суратгирифта ® Каритас Швейтсария

Leopold Bachmann Stiftung Funded by European Union Humanitarian Aid


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Disaster Risk Reduction in Tajikistan: Reducing vulnerability and exposure - Tajik by Zoï Environment Network - Issuu