Шерҳо
Одил ва бадкорон Шарирон вақте ки касе таъқиб намекунад, мегурезанд, вале одилон мисли шер далеранд. Масалҳо 28:1 Ҳушёр ва бедор бошед; зеро ки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор мекунад ва касеро меҷӯяд, ки фурӯ барад (1 Петрус 5:8).
Панҷтабор Яҳудо бачаи шер аст; писарам, аз сайд берун омадӣ; ӯ хам шуда, мисли шер ва мисли шери пир хобидааст; кӣ ӯро бархезонад? Ҳастӣ 49:9 Инак, қавм мисли шери бузург бархоста, худро мисли шери ҷавон баланд хоҳанд кард, то он даме ки аз сайд нахӯрад ва хуни кушташудагонро нанӯшад, хоб нахоҳад рафт. Ададҳо 23:24 Ӯ мисли шер хобид, мисли шери бузург хобид; кӣ ӯро бедор мекунад? Хушо касе ки туро баракат медиҳад, ва малъун касе ки туро лаънат мекунад. Ададҳо 24:9 Ва дар бораи Ҷод гуфт: «Муборак аст он ки Ҷодро васеъ мекунад; ӯ мисли шер маскан мегирад ва бозуяшро бо тоҷи сараш медарад». Ва дар бораи Дон гуфт: «Дон бачаи шер аст; ӯ аз Бошон ҷаҳида хоҳад рафт » (Такрори Шариат 33: 20,22) .
Таърих Он гоҳ Шимшӯн ва падару модараш ба Тимнат рафтанд ва ба токзорҳои Тимнат расиданд, ки инак, шери ҷавоне бар зидди ӯ ғуррид. Ва баъд аз муддате ӯ баргашт, то ки вайро бигирад, ва барои дидани ҷасади шер рӯй гардонд, ва инак, тӯдаи занбӯри асал ва асал дар ҷасади шер буд. Ва ӯ онро ба кафҳояш гирифта, хӯрд ва назди падару модараш омад ва ба онҳо дод, ва онҳо хӯрданд; вале ба онҳо нагуфт, ки асалро аз лошаи шер гирифтааст. Ва мардуми шаҳр дар рӯзи ҳафтум пеш аз ғуруби офтоб ба ӯ гуфтанд: «Он чи аз асал ширинтар аст ва он чи аз шер қавитар аст?» Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Агар шумо бо гӯсолаи ман шудгор намекардед, муаммои маро намеёфтандед». Доварон 14:5 , 8-9, 18 Ва Довуд ба Шоул гуфт: «Бандаат гӯсфандони падарашро мечаронид, ва шер ва хирс омада, барраеро аз рама рабуданд». Бандаат ҳам шер ва ҳам хирсро кушт, ва ин фалиштии номахтун